Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- иштироки фаъолонаи СММ дар таъмини тараққиёти босуботи кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда, аз ҷумла, дар рафъи оқибатҳои манфии иҷтимоии ин давра;
- таҳким бахшидани нақши беназири СММ дар бобати расондани кумаки байналхалқӣ ба ҳамгироии давлатҳои транзитӣ ба системаҳои ҷаҳонии иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамроҳ шудани онҳо ба муассисоту механизмҳои мавҷудаю сохташавандаи серсоҳаи танзимпазир.
Роҳбари давлат дар симои СММ созмони навшуда ва муқтадиреро дидан мехоҳад, ки ҳамқадами ҷаҳони тағйирпазири муосир буда, дар ҷилавгирӣ намудани хатару таҳдидҳо тадбирҳои муассир меандешад ва ҷавобгӯи орзую омоли ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат дар таъмини рӯзгори созгор мебошад.
Таҷриба собит месозад, ки татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои муштараки умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мазмун ва мундариҷаи нави ҳамкории ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад, зеро чораҳои то имрӯз амалишуда, мутаассифона, натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардаанд. Аз ин рӯ, барои роҳандозии босамари роҳу василаҳои нав ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалӣ ислоҳоти амиқи сохториву барномавии Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти он зарур аст.
Дар давоми 10-15 соли охир нақши ҳуқуқи байналмилалӣ ва нуфузи маънавии созмонҳои байналмилалӣ бар асари камбуди иродаи сиёсӣ ва пайравӣ ба стандартҳои дурӯя то андозаи назаррас коҳиш ёфтаанд.
Дар робита ба ин ҳолат барои аксари аҳолии дунё эътибори воқеии ҳуқуқи байналмилалӣ ва сарчашмаи нерӯи адолат будани он зери шубҳа қарор гирифтааст.
Тоҷикистон бар он назар аст, ки бе бознигарӣ намудани ҳуқуқи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи он, татбиқи самараноки масоили глобалӣ, аз ҷумла, тадбирҳо бар зидди терроризм метавонад ба мушкилиҳои муайян мувоҷеҳ гардад. Аз ин рӯ, ҷаҳони имрӯза ба ахлоқи нави сиёсие, ки дар заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташаккул ёфта бошад, сахт ниёз дорад. Дар пайравӣ аз чунин ахлоқи волои сиёсӣ тамоми кишварҳои ҷаҳон бидуни истисно бояд эҳтироми комили худро нисбат ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар амал зоҳир намоянд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ҷаҳони имрӯза на ҷаҳони нерӯву зурӣ, балки ҷаҳони эҳтироми мутақобилаи мардумон ва фарҳангҳои гуногун мебошад.
Дар рӯҳияи фарҳанги сулҳ, муколамаи байнимардумӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намудани аҳолии сайёра вазифаи ҳатмӣ ва муқаддаси тамоми кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Бояд ҷомеа дарк намояд, ки терроризми байналхалқӣ аз ягон дину мазҳаб, мансубияти этникӣ ва ҷуғрофӣ манша намегирад, бино бар ин кӯшишҳои ба ҳам вобаста намудани онҳо бояд қатъиян маҳкум карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё