Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дин ё мазҳабе монеъ шавад ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои густардаи кишварҳои гуногунмазҳаб дар заминаи арзишҳои умумиинсонӣ талош намояд.
Дар ин росто ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Зеро он ташкилотҳои террористие, ки дар қаламрави баъзе кишварҳои исломӣ мустақар шуда, аз он ҷо фаъолияти зиддиинсонии худро амалӣ месозанд, ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқамандӣ надоранд. Дар баробари ин, ҳукуматҳо ва ходимони бонуфузи динии кишварҳои олами исломро низ зарур аст, ки иқдомҳои худро дар ҷодаи маҳкумсозии терроризми байналмилаливу экстремизми динӣ ва мубориза бар зидди онҳо, ба таври возеҳу равшан ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд.
4. Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таъмини пешрафти он ҷалби СММ ва ниҳодҳои онро барои ҳаллу фасли доираи васеи проблемаҳои ҷумҳурӣ зарур шумурд. Ба ин хотир шурӯъ аз оғози соли 1993 намояндагиҳои СММ ва ниҳодҳои он дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардида, дар доираи салоҳияташон ба фаъолият пардохтанд. Дар боло роҷеъ ба дастгирии СММ дар самти ба эътидол овардани вазъияти ҷумҳурӣ ва таъмини сулҳу субот каме маълумот дода шуд. Дар баробари ин, масъалаҳои зиёде мавҷуд буданд, ки ҳаллу фасли онҳо бидуни дастгирию машварати мутахассисону коршиносони СММ аз имкон берун буд.
Масалан, маслиҳату тавсияҳои СММ дар таҳияи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба хотири сохмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон муҳим буданд. Масъалаи дигар – раванди гузариш ба иқтисоди бозорӣ буд, ки дар ин ҷода ниҳодҳои молиявӣ – Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи умумиҷаҳонии асъор барои гузаронидани ислоҳоти пулӣ, бонкӣ, молиявӣ, ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба ислоҳоти иқтисодӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Вале корҳои анҷомёфта бояд идомаи мантиқӣ дошта бошанд.
Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро паси сар кард ва акнун таъмини рушди устувори он пеш омадааст, ки дар ин бобат низ дастгирии СММ зарур аст. Тавре Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии СММ зикр намуд, «дар Тоҷикистон аз сидқи дил умедворанд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи таъмини шароити тараққиёти устуворона бештар талош меварзад».
Бояд зикр кард, ки татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории СММ бо Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тавассути Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон сурат мегирад, ки аз декабри соли 1993 инҷониб фаъолият дорад.

пешина
аз 228
навбатӣ