Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Нақшаи амали Барномаи кишварии БРСММ (CPAP) доираи васеи фаъолиятро дар чаҳорчӯби панҷ самт муаррифӣ мекунад: коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола; паст кардани мушкилоти ВИЧ/СПИД, вараҷа ва сил; мудирияти муассир; пешгирии вазъи бӯҳронӣ ва барқарорсозӣ; муҳити зист ва мудирияти устувор. Буҷаи умумии пешбинишудаи CPAP барои солҳои 2010- 2015 166 миллиону 306 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла, 35 миллион доллари он маблағҳои худи БРСММ мебошанд.
Бо тавсияи Роҳбари давлат, таваҷҷӯҳи асосӣ ба лоиҳаҳои дарозмуддат, ки ба рушди устувор ва барқарорсозии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, зоҳир карда мешавад.
Дар айни ҳол Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳо, ниҳодҳо ва муассисаҳои тахассусии СММ фаъолона тақвият мебахшад, ки ағлаби онҳо, аз ҷумла, Раёсати Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд ва ғайра дар ҷумҳурӣ намояндагӣ доранд. Ҳадафҳои рушди Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ роҳу усулҳои навро дар ташаккули ҳамкорӣ бо СММ тақозо менамоянд.
Бо дарназардошти авлавиятҳои ҷории Тоҷикистон ва сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, мусоидат намудан ба иҷрои мукаммал ва муассири қарорҳои ҳамоишу конфронсҳои байналмилалии СММ, аз ҷумла, Саммити Ҳазорсола, Саммити соли 2005, Саммити Йоханнесбург оид ба рушди устувор, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва талош варзидан дар ҳамоҳангсозии кори ниҳодҳои асосии СММ, аз ҷумла, Маҷмааи Умумӣ, Шӯрои Амният ва Шӯрои иқтисодиву иҷтимоӣ хеле зарур аст.
Бо назардошти рушди устувори иқтисодии кишвар, Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад. Бояд тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк ва Душанбе муаррифии Ҳисоботи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола: Дастовардҳои Тоҷикистон», ки дар чаҳорчӯби он мубодилаи афкор ва муҳокима оид ба 8 ҳадафи асосии рушд сурат гирифт, ба пешравии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои мазкур баҳои баланд дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё