Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Умуман, Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он дар масъалаҳои сиёсии глобалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва гуманитарӣ ҳамкории фарогирро ба роҳ мондааст.
5. Роҳбарияти Тоҷикистон аз ҳамоишҳои СММ ва робитаҳо дар доираи он ба мақсади рушду тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо соири кишварҳои олам ва ривоҷ додани тамоси доимӣ бо онҳо истифода мебарад. Аз ҷумла, ҳангоми иштирок дар ҳамоишҳои сатҳи олии СММ Роҳбари давлат силсилаи мулоқотҳоро ба ҳамтоёни хориҷӣ ва шахсони баландмақоми кишварҳои хориҷӣ ҷараён медиҳад. Ҳамчунин намояндагиҳои доимии Тоҷикистон дар СММ (Ню-Йорк) ва шӯъбаи СММ (Женева) бо намояндагони кишварҳои ҷаҳон дар тамоси доимӣ қарор доранд.
Аз он рӯзе, ки Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард, қариб ду даҳсола сипарӣ шуд. Дар ин муддат Роҳбари давлат дар қисми зиёди саммитҳои СММ иштирок ва суханронӣ намуд, сафарҳои расмии Дабирони Кулли СММ Кофи Анан (соли 2002) ва Пан Ги Мун (2010) ба Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Тавре зикр гардид, Роҳбари давлат ба нақшу мақоми Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ баҳои баланд дода, мавҷудияти онро барои таъмини амният ва сулҳу суботи ҷаҳон ногузир мешуморад. Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаи назарро бори дигар зимни суханронии худ дар мулоқоти ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 7 сентябри соли 2000 дар Ню-Йорк баргузор шуда буд, хеле равшан ифода кардааст: «Вазифаи муқаддаси мо дар назди наслҳои оянда на танҳо нигоҳ доштани Созмони Милали Мутаҳид, балки ҳамроҳи он ободтар сохтани ҷаҳон, таъмини амнияти он ва осудатару хушбахтонатар гардондани зиндагии одамон мебошад».

Мавқеи устувор алайҳи чолишҳои хатарзо

Ҷаҳони имрӯза ба хатару ситезаҳои нави амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ рӯбарӯ гаштааст. Чунин зуҳурот бо равандҳои ҷаҳонишавӣ печиш хӯрда, дар баробари онҳо босуръат тавсеа меёбанд ва беш аз пеш ба ҳудуди кишварҳои нав доман паҳн карда, барои амният ва суботи онҳо таҳдидҳои муассир эҷод менамоянд.
Мушкилоти кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти мазкур ба он вобаста аст, ки онҳо хислати фаромиллӣ дошта, аз байн бурданашон имкониятҳои васеи сиёсӣ ва иқтисодию молиявиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҳалли чунин масоил бидуни талошҳои дастҷамъона дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир буда, ибтикори кишварҳои манфиатдорро дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати баррасиву таҳқиқ ва роҳандозии тадбирҳои муштарак тақозо дорад.

пешина
аз 228
навбатӣ