Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Тоҷикистон низ ҳамчун як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили терроризми ҷаҳонӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонад аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ мекӯшад, ки ҷумҳурӣ тавассути ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масоили амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии он бо маҷмӯи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.
Дар ин росто Тоҷикистон ибтикорҳои гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, худ низ ҳамчун ҳаммуаллиф ва муаллифи силсилаи ташаббусҳо дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ баромад менамояд.
Дар ин қарина ташаббусҳои байналмилалии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони хамкории Шанхай ва ҳамоишҳои дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Ин ибтикорҳо ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир – хавфу ситезаҳои афзоишёбандаи терроризми байналхалқӣ, вусъати гардиши маводи мухаддир, норасоии оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки дар иртибот ба он эҷод шудаанд, ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтаанд.
Мубориза бо терроризми байналхалқӣ. Терроризм ҳамчун яке аз зуҳуроти зишттарини ҷомеаи инсонӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Вале он дар охири асри XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ва тавсеа ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба як хатари фарогир табдил гаштааст. Имрӯз ин зуҳурот, ки онро ҷуз пешаи аҳриманӣ дигар хел наметавон ном бурд, дар аксари минтақаҳои Осиёву Африка ва Аврупову Америка доман густарда, ба мисли вабои сироятбор торафт ҷуғрофияи маргбори худро вусъат мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё