Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дорои шабакаи фаромиллӣ ва муташаккили сохторӣ мебошанд. Дар маърӯзаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки чанде пеш ба конгресси ин кишвар манзур гардид, таъкид гаштааст, ки дар соли 2011 дар маҷмӯъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одам ҳалок шудаанд. Ин дар ҳолест, ки миқдори қурбониёни амалҳои террористӣ дар таносуб бо соли 2010 ба қадри 12% коҳиш ёфтааст.
Заминаи таъминотии терроризм низ пайваста васеъ гашта, раванди устувори печидани он бо намудҳои дигари ҷинояткории фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Чунин ҳамгироии ҷиноӣ имкон медиҳад, ки ташкилотҳои террористӣ фаъолияти худро бо захираҳои бузурги молиявӣ, инсонӣ ва лавозимоти ҷангӣ бемайлон таъмин намоянд. Тибқи маълумоти мавҷуда алҳол дар ҷаҳон барои таъмини фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ маблағҳои бузурги молиявӣ ҷалб шуда, гардиши яксолаи онҳо аз 20 то 30 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ ҳануз овони ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуда буд ва бо оқибатҳои фаъолияти зиддиинсонии он бевосита шинос мебошад. Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз замони соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ то имрӯз дар қаламрави кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи ҷиноятпеша зиёда аз 100 амалиёти террористӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳарчанд дар натиҷаи талошҳои қатъӣ ва пайвастаи мақомоти мазкур дар мубориза бар зидди терроризм муваффақиятҳои муайян ба даст оварда шудаанд, вале мутаассифона ин зуҳурот то кунун пурра аз байн нарафтааст. Ташкилотҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансороллоҳ» ва дигар гурӯҳҳои ҳамсони онҳо, ки аз хориҷа роҳандозӣ ва маблағгузорӣ мешаванд, кӯшиш доранд фаъолияти худро дар қаламрави кишвар тавсеа бахшанд.
Дар иртибот ба хислати фаромиллии терроризм Сарвари Тоҷикистон мутмаин аст, ки муборизаи муваффақона бар зидди ин зуҳурот бидуни талошҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Бино бар ин, Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳануз солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи вусъати таҳдиди терроризмро дар иртибот ба вазъи минтақа ба маърази баррасии Созмони Милали Муттаҳид бароварда буд, минбаъд низ тавассути ин ва дигар созмонҳои минтақавӣ, аз қабили САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба ҳалли дастҷамъонаи он ҷалб менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё