Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Сарвари Тоҷикистон 24 октябри соли 1995 зимни иҷлосияи 50-уми Маҷмааи Умумии СММ изҳор дошта буд, ки «нерӯҳои сулҳовари Созмони Милали Муттаҳид дар сурати ҳамкории он бо созмонҳои минтақавӣ, метавонад ба маротиб афзоиш ёбанд ва пеш аз ҳама дар роҳи пешгирӣ, хомӯш кардан ва танзими ихтилофоти низомӣ, мубориза алайҳи терроризм, зуҳуроти радикалии равияҳои мухталифи бунёдгаро хизмат кунанд».
Маҳз дар ҳамин қарина моҳи ноябри соли 2002 зимни ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббуси Президенти Тоҷикистон «оид ба созмон додани эътилофи зиддитеррористӣ» пешниҳод гардид. Масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ доим дар маркази диққати Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ибтикори ӯ ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳим ба Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ворид карда шуд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вусъати талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода, ки асосан баъд аз ҳодисаҳои
11 сентябри соли 2001 дар шаҳрҳои Ню-Йорку Вашингтони ИМА ба вуқӯъ пайвастанд, нигоҳ накарда, дар ҳалли ин қазия то ҳол натиҷаҳои муассир дастрас нагаштаанд. Сабаби асосии чунин дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъиро ӯ дар он мебинад, ки сарфи назар аз таҳдидҳои фаромиллии терроризм, он то ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мубрами ҳаётӣ табдил наёфтааст ва муборизаи воқеӣ бар зидди он фақат аз ҷониби кишварҳои алоҳида бурда мешавад. Дар иртибот ба ин Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳои зикршуда ҷиҳати куллан тағйир додани вазъ дар ин самт пайваста маҷмӯи тадбирҳоро пешниҳод менамояд, ки муҳимтарини онҳоро зикр кардан бамаврид аст:
Таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ.
Азбаски терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии муштарак маҳз таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид ва нақши пешбари он сурат гирад. Ба ин мақсад зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ, ки дар Эъломияи Маккаи Мукараммаи Созмони Конфронси исломӣ дарҷ ёфта буд, зарур аст.
Дар ҳайати сохтории он бояд воҳидҳои маъмурӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, иктишофӣ, назоратӣ-молиявӣ ва назоратӣ-таблиғотӣ амал намоянд.
Қабули Аҳдномаи муштараки умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм. Терроризм дар ягон намуд ва шакл боиси дастгирӣ ва омурзиш нест. Бино бар ин, ба мақсади таъмини муборизаи қатъӣ ба муқобили терроризми байналмилалӣ қабул намудани Аҳдномаи муштараки умумиҷаҳонӣ зарур буда, дар он бояд терроризм ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафҳои сиёсӣ эътироф гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё