Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ҳамин тариқ, роҳбарияти ҷумҳурӣ бо андешаи таҳияи сиёсати хориҷӣ сари он омад, ки барои амалӣ кардани ин мақсад таҳияи санади алоҳида – Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Роҳбари давлат қисмати муҳими суханронии худро дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 1993 ба роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ бахшида, зарурати таҳияи консепсияро махсус таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки тавассути чунин консепсия «мо бояд равшан тасаввур карда тавонем, ки фаъолияти давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ба кадом тарафҳо ва ба чи тарзе ҷараён гирад». Зимни ин Роҳбари давлат панҷ ҳавзаеро дақиқ намуд, ки дар он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш дохил мешуд ва ин ҷиҳат бояд ҳангоми таҳияи консепсия ба назар гирифта мешуд:
«Ҳавзаи якум – Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад; Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ дорад; Ҳавзаи сеюм – фазои зисту амали кишварҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳануз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад; Ҳавзаи чорум – доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад.
Ниҳоят, ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд».
Сипас вазорату идораҳои дахлдор ба таҳияи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Зарур ба ёдоварист, ки он вақт ҷумҳурӣ дар вазъияти душворе қарор дошт ва ҳамзамон бо ҳаллу фасли чунин мушкилоти дохилӣ, аз қабили фурӯ нишондани муқовимати яроқнок, баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои муқимӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи харобгардида, раванди роҳандозӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ шурӯъ шуда буд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, барои таҳияи дигар санадҳои қонунгузорӣ асос гузошт.
Роҳбари давлат ҳангоми таҳияи Конститутсияи нав ҳамчунин ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карда буд, ки мазмуну мундариҷаи ин санади муҳим бояд пурра ҷавобгӯи ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё