Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар Сарқонун масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷии давлат ҳамчунин инъикоси худро ёфтанд. Дар моддаи 11 он зикр гардидааст, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Ин ҳуҷҷат пешбинӣ кардааст, ки «Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».
Муқаррароти муҳими Сарқонун ба ҷойгоҳи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ дахл дорад: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Дар қонуни асосӣ ҳамчунин масъалаҳои шаҳрвандӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ваколати Президент ва шохаҳои ҳокимият роҷеъ ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ муайян шудаанд. Ҳамин тариқ, бо қабул шудани Конститутсия самтҳои асосии сиёсати давлат муайян гардиданд ва имконият ба вуҷуд омад, ки мутобиқи талаботи қонуни асосӣ дигар санадҳои қонунгузорӣ таҳия карда шаванд.
Тавре зикр гардид, он вақт сиёсати хориҷӣ чун идомаи сиёсати дохилии давлат аз он мушкилоте бармеомад, ки ҷумҳурӣ бо истифода аз ҳама гуна имконот ҳаллу фасл кардан мехост. Аз ин рӯ, музокироти ҳукумат бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик, баргардондани гурезаҳо, барқарорсозии иқтисоди ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ ба эътидол овардани вазъият ва таъмини сулҳу ваҳдат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мақоми аввалиндараҷа пайдо карда буданд.
Дар давоми беш аз се соли музокироти байни тоҷикон ҳуҷҷатҳои зиёде таҳия ва ба имзо расиданд, ки ин равандро ҳамоҳанг намуда, ҳамчунин барои тадбирҳои минбаъда замина гузоштанд. Пас аз анҷом ёфтани ин раванд бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997, давраи дуюми он – амалӣ намудани санадҳои қабулшуда пеш омад, ки барои ин Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт ва дар давоми қариб то се соли дигар вазифаҳои худро ба иҷро расонида, фаъолияти худро қатъ кард. Дар ин муддат давлатҳои хориҷӣ дар муносибат бо Тоҷикистон эҳтиёткорӣ нишон дода, ба корҳои ҷиддитар, аз қабили ҷалби сармоя, амалӣ намудани лоиҳаҳои иқтисодӣ, кушодани корхонаҳои муштарак даст намезаданд. Муносибати кишварҳое, ки нисбат ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доштанд, аксаран дар дастгирии сиёсӣ, гузаронидани машваратҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ва техникӣ маҳдуд мешуд.

пешина
аз 228
навбатӣ