Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ин хотир, роҳбарияти ҷумҳурӣ бо назардошти ин воқеият таҳияи санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро давра ба давра амалӣ мекард. Ҳамин тариқ, дар соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозиву самтҳои авлавиятноки он инъикос ёфтанд. Дар ин санади муҳим доираи манфиатҳои кишвар, минтақаҳои ҳамкорӣ ва давлатҳои шарик ва дигар масъалаҳои муҳими пиёда кардани сиёсати байналмилалӣ ҷойи худро ёфтанд.
Муайян гардид, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бисёрсамта ва сулҳхоҳона буда, ҷумҳурӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси эҳтироми истиқлоли давлатии ҷонибҳо, баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, бо назардошти манфиатҳои тарафҳо ба роҳ мемонад. Тоҷикистон бо ҳар давлати хоҳишманде, ки ин принсипҳоро эътироф менамояд, муносибату ҳамкорӣ мекунад. Ҳамзамон дар назар дошта мешавад, ки ин ҳамкориҳо бар зарари кишварҳои дигар набошанд.
Дар табрикоти солинавии худ ба муносибати фарорасии соли 2003 милодӣ Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки «мо дар сиёсати хориҷии худ «сиёсати дарҳои бозро интихоб кардем». Роҳбари давлат зикр кард, ки «мо минбаъд ҳам муносибатҳои хайрхоҳона ва дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳамаи давлатҳо, қабл аз ҳама ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ рушд хоҳем бахшид».
Ҳамин тариқ, роҷеъ ба ташаккули асосҳои ҳуқуқии амалисозии сиёсати хориҷии Тоҷикистон кор дар чанд самт идома ёфт.
Якум, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд ва дар ҳолати мувофиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ мешаванд.
Тоҷикистон бо дарназардошти доираи манфиатҳои худ ва заруратҳои пешомада ба чандин конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ пайваст, ки ҳамчунин ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъсири амиқи худро мерасонанд. Ҳамчунин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамёр санадҳои зиёде ба имзо расиданд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун заминаи устувор ба вуҷуд оварданд. Соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тартиби таҳиясозӣ, имзогузорӣ, ба тасвиб расонидан ва дигар амалҳои вобаста ба санадҳои байналмилалиро ба танзим даровард.

пешина
аз 228
навбатӣ