Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи истиқлолият Тоҷикистон бо 125 давлати хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. То имрӯз бо кишварҳои дӯст аз ИДМ, қитъаҳои Осиё, Африка, Аврупо ва Америка қариб 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расидааст, ки масъалаҳои гуногуни муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра дар бар мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои байналмилалиро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва ниҳодҳои махсуси он, САҲА, СҲШ, СҲИ, ИДМ, СААД ва дигарон ба имзо расонид, ки масъалаҳои ҳамкориро доир ба амният, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг, роҷеъ ба мушкилоти муҳоҷират, гурезагон, расонидани кумаки башардӯстона ва ғайра пешбинӣ мекунанд.
Гузашта аз ин Роҳбари давлат ҷонибдори коргирӣ аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад. Ӯ роҷеъ ба ин мавзӯъ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 чунин гуфта буд: «Мо ҷонибдори низоми одилона ва устувори ҷаҳонӣ бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошем, ки дар танзими он Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони ягонаи универсалии ҷаҳон бояд нақши марказӣ дошта бошад.
Ин низом ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳамаи халқҳо ва кишварҳо, амният ва суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хориҷ шудан аз доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва нодида гирифтани баъзе принсипҳои бунёдии он барои минтақаҳо ва кишварҳои зиёд сабабгори мушкилот ва проблемаҳои ҷиддӣ мегардад».
Дуюм, Тоҷикистон зимни таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ ба назар гирифтани талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро ба таҷрибаи маъмулӣ табдил дод, ки чунин муносибат мазмуну мундариҷаи санадҳоро сифатан боло бурд.
Миёни онҳо доираи васеи санадҳоро роҷеъ ба ҷалби сармояи хориҷӣ, кушодани корхонаҳо бо иштироки хориҷиён, доир ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, тартибу будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, дар бораи гурезаҳо ва ғайра номбар кардан мумкин аст, ки масъалаҳои зиёди марбут ба сиёсати хориҷии ҷумҳуриро танзим мекунанд.
Сеюм, доир ба амалӣ кардани сиёсати хориҷӣ шурӯъ аз Конститутсияи ҷумҳурӣ санадҳое қабул гардиданд, ки дар онҳо мақомоти дахлдор, ваколатҳои онҳо ва роҳу василаҳои роҳандозӣ намудани сиёсати байналмилалӣ муайян шуданд. Масалан, дар Конститутсия ваколатҳои Президент, Парлумон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба ин масъала мушаххас шуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ