Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъдтар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (2002), фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кушодани сафоратхонаҳо дар кишварҳои хориҷӣ, дар бораи тасдиқ намудани низомномаҳо дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқ намудани Муқаррароти умумии таҷрибаи ягонаи ташрифотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор қарорҳои ҳукумати кишвар барои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар хадамоти дипломатии ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин соири вазорату муассисаҳое, ки ба робитаҳои хориҷӣ сару кор доранд, заминаи устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварданд.
Чорум, аз соли 2000 инҷониб ҳар сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат мекунад.
Роҳбари давлат дар бахши сиёсати хориҷӣ муҳимтарин масъалаҳо ва вазифаҳоро мушаххас намуда, роҷеъ ба проблемаҳои рӯзмарраи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ назари худро иброз медорад. Назари Роҳбари давлат нисбати масъалаҳои байналмилалӣ барои соли дахлдор чун роҳнамо хизмат намуда, дастуру супоришҳои ӯ ба нақшаҳои корӣ ворид мешаванд ва мавриди иҷро қарор мегиранд.
Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуда, барои амалӣ намудани онҳо шароитҳои зарурӣ низ муҳайё гардиданд. Албатта, вазъи тағйирпазири ҷаҳон ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дигар омилҳои дохилию берунӣ метавонанд ба он таъсиргузор бошанд, вале бояд дар назар дошт, ки минбаъд сухан сари такмилу ташаккули заминаҳои мавҷуд хоҳад рафт.
Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар моҳи апрели соли 2012 бо ишора ба замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зикр кард: «ба мо муяссар шуд, ки асосҳои сиёсати хориҷии мустақили кишварро шакл бахшем, усули пойдор ва анъанаҳои арзишманди онро муайян кунем ва асли «ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ»-ро шиори кори худ намоем. Идомаи мантиқии ин сиёсат, ки мо онро бо номи «дарҳои кушода» муаррифӣ кардем, ҳам ба эҳёи равобити қадимаи фаромӯшшуда ва ҳам ба дарёфти ҳамшарикону ҳамёрони ҷадиди ғайримаъмул дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати рушди кишвар имкониятҳои нав ба вуҷуд овард».
Дар баробари ин, Роҳбари давлат таъкид бар он дошт, ки «дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад».

пешина
аз 228
навбатӣ