Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Фароҳам овардани шароит барои татбиқи сиёсати хориҷӣ

Эмомалӣ Раҳмон сароғоз аз соли 1992, яъне дар шароити мураккаби онвақтаи ҷумҳурӣ бо назари нав ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон рӯ овард. Қадамҳои нахустин ба он равона шуданд, ки имкониятҳои сиёсати хориҷӣ барои ҳаллу фасли мушкилоти дохилӣ истифода шавад. Дуруст аст, ки сиёсати хориҷӣ чун идомаи сиёсати дохилӣ маънидод мешавад, вале он вақт вазъияти кишвар ба дараҷае мураккабу хатарзо ва буҳронӣ буд, ки ба назар мерасид, гӯё сиёсати дохилӣ аз сиёсати хориҷӣ вобастагӣ дошт. Дар ҳаллу фасли мушкилоти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, баргардондани гурезагон, барқарор намудани хонаву иншооти харобгардида, дастгирии мардум бо маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ғайра дастгирии хориҷиён хеле васеъ буд. Сипас ҷараён додани музокироти сулҳи тоҷикон ва амалӣ намудани санадҳои имзошуда ҳамчунин бо дастгирии СММ ва кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт. Роҳбари давлат тамоми имконоти дастрасро истифода намуда, ин кумакҳоро ба ҷумҳурӣ ҷалб намуд ва қадам ба қадам мушкилоти мавҷудро коҳиш дод.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон ба он даст зад, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторӣ, дигар шароит барои пешбурди сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Дар ин ҷода корҳо дар чанд самт сурат гирифта, оқибат пойгоҳи мустаҳкамеро барои амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба вуҷуд оварданд:
а. Ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.
б. Мушаххас намудани салоҳияти мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ.
в. Рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
г. Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ.
д. Ба вуҷуд овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ.

I. Ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.
Азбаски андешидани чораҳо дар ин самт дар бахши алоҳидаи ин китоб шарҳи васеи худро ёфтааст, ин ҷо сухан фақат роҷеъ ба он паҳлӯҳое хоҳад рафт, ки ба мавзӯъ вобастагӣ доранд.
Шурӯъ аз соли 1993 бо ташаббуси Роҳбари давлат як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба масъалаҳои рушди сиёсати хориҷӣ, таъминоти ташкилӣ ва сохтории он бахшида шудаанд.
Пас аз муҳокимаи тӯлонӣ моҳи ноябри соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки барои рушди мақомоти сиёсати хориҷӣ заминаи асосиро ба вуҷуд овард.

пешина
аз 228
навбатӣ