Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ
Президенти Федератсияи Россия

Фаъолияти Шумо дар мансаби сарвари давлат ва таҷрибаи ғании сиёсӣ барои Шумо дар Тоҷикистон ва берун аз он обурӯи сазоворро пайдо сохтаанд.
Ман арзиши муносибатҳои шахсиеро, ки байни мо барпо шудаанд ва имконият медиҳанд, ки муколамаи созанда барем ва масъалаҳои мубрами ҳамёрии стратегии Россияву Тоҷикистонро ҳал намоем, ниҳоят баланд медонам.
Вохӯриҳои моро, ки сентябри соли 2011 дар Душанбе дар рафти сафари ман ба вуқӯъ пайваста буданд, бо самимият ба хотир меорам.
Ба татбиқи муттасили аҳду паймонҳои ҷиҳати рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи Россия ва Тоҷикистон бадастовардашуда аҳамияти калон медиҳам.
Боварӣ дорам, ки ин комилан ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо буда, баҳри таҳкими суботи минтақавӣ ва глобалӣ хизмат мекунад.

Соли 2011
ИЛҲОМ АЛИЕВ
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тоҷикистони бародар таҳти сарварии Шумо дар роҳи истиқлолият бо қатъият қадам афганда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои муҳим соҳиб соҳиб мегардад.
Сатҳи баланди кунунии муносибатҳо, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Озорбойҷон ва Тоҷикистон ба андозаи бештар натиҷаи фаъолияти Шумо мебошад. Ҳамеша тамосҳо ва вохуриҳои моро, ки ба ин муносибатҳо такони хоса доданд, бо ҳисси қаноатмандӣ ба хотир оварда, умедворам, ки мо минбаъд низ талошҳои худро баҳри амалисозии имкониятҳои ғании муносибатҳоямон идома хоҳем дод.

Соли 2011

пешина
аз 228