Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар Қазоқистон ба саҳми бевоситаи Шумо дар роҳи таъмин намудани ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон ва рушду пешрафти бемайлони сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии он баҳои баланд медиҳанд.
Соли 2007
ПАН ГИ МУН
Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид

Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед.
Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд.

Сентябри соли 2009
ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон

Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфт ва мо ба муносибатҳои худ бо ин кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир мекунем.
Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо дар давоми солҳои охир муттасил густариш меёбанд. Мо боварии комил дорем, ки ин муносибатҳо минбаъд ҳам торафт бештар равнақ хоҳанд ёфт.
Соли 2010

Фараҳбахш аст, ки муносибатхои дуҷонибаи мо дар тамоми соҳаҳо дар роҳи рушди матассил қарор доранд. Ман омодаам, ки якҷо бо бародари худ ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дӯстонаамон кӯшишу талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушд ва пешрафт гомҳои устувор гузошта истодааст ва мо инро бараъло мушоҳида менамоем.
Соли 2012

пешина
аз 228
навбатӣ