Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия баъзе тағйироту иловаҳо ворид гардида, ҳамчунин санадҳои дигаре таҳия ва қабул шуданд, ки барои татбиқи сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса доштанд. Аз ҷумла, соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»
қабул гардиданд, ки ҳам барои муайянсозии самтҳо, ҳадафҳо, авлавиятҳо, роҳу василаҳо, тактика ва стратегияи сиёсати хориҷӣ ва ҳам барои мақомоти хизмати дипломатӣ, ки ба хотири амалӣ намудани ин сиёсат фаъолият мекунад, аҳамияти калон доштанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»
асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби ташкил додан ва фаъолияти хадамоти дипломатӣ мушаххас гардиданд. Дар ин қонун хизмати дипломатии ҷумҳурӣ ба сифати яке аз намудҳои хизмати давлатӣ муайян гардидааст, ки сиёсати хориҷиро пеш бурда, манфиатҳои давлатро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳифз мекунад. Ин қонун хизмати консулиро чун ҷузъи хизмати дипломатӣ муайян кардааст.
Дар ин қонун низоми мақомоти хизмати дипломатии Тоҷикистон, вазифаҳои хизмати дипломатӣ, доираи фаъолияти хизмати дипломатӣ, сохтори хизмати дипломатӣ ва ташкили фаъолияти он, масъалаҳои кадрӣ (ҳайати кадрӣ, мансабҳо, таъйинот, тартиби фаъолият, тайёрии касбӣ ва ғ.), номгӯи рутбаҳои дипломатӣ, тартиб ва мӯҳлати додани онҳо, ҳуқуқу вазифаҳо, ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти кадрҳои дипломатӣ, кафолату ҷуброн ҳангоми кор дар хориҷа, муносибатҳои меҳнатӣ, музди меҳнат, таъмини нафақа ва ҳифзи иҷтимоии кормандон, инчунин қатъ кардани фаъолияти хизмати дипломатӣ муайян шудаанд. Баъдтар дар асоси ин қонун санадҳои дигар, аз қабили фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ (25 апрели соли 2007) ва дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳо ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки мақсад аз онҳо, пеш аз ҳама, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони хизмати дипломатӣ мебошад.
Шоистаи зикр аст, ки дар ин қонун хизмати дипломатии Тоҷикистон ба шакли муайян даромада, бисёр масъалаҳои то он замон баҳсталабро аз миён бардошт ва фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба маҷрои муайян ворид шуд.
II. Мушаххас намудани салоҳияти мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ.
Тавре зикр гардид, масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор доштанд ва ҳангоми таҳияи Конститутсияи ҷумҳурӣ ин ҷиҳат ба эътибор гирифта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё