Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар чандин моддаи Конститутсия масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ инъикос ёфтанд, ки миёни онҳо салоҳияти мақомоти давлатӣ роҷеъ ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ҷои махсус дорад.
Ин масъала дар санадҳои дигари меъёрию қонунгузорӣ низ идомаи мантиқии худро ёфтааст.
Ҳамин тариқ, салоҳият миёни шохаҳои ҳокимият оид ба таҳия ва амалисозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мутобиқ ба сохти конститутсионии ҷумҳурӣ мушаххас карда шуд.
Чуноне дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вомехӯрад, дар асоси қонунгузории амалкунанда мақомоти робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро ба дохилидавлатӣ ва хориҷӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Дар навбати худ, мақомоти дохили давлатӣ ба мақомоти салоҳияти умумӣ ва махсус ҷудо мешаванд. Гурӯҳи мақомоти салоҳияти умумиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил мекунанд. Ба мақомоти салоҳияти махсус Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дохил мешавад.

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Сарқонуни ҷумҳурӣ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
    Ба салоҳияти Президент, ки Сарқонун муайян кардааст, бархе аз вазифаҳо ба сиёсати хориҷӣ дахл доранд:
  • Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
  • Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
  • Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  • Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъйин ва озод мекунад;
  • Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
  • Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
  • Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад;
  • Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
пешина
аз 228
навбатӣ