Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
- Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
- Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
- Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
- Бо рутбаҳои олии дипломатӣ сарфароз мегардонад;
- Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.
Вобаста ба баъзе салоҳиятҳои дигари Президент, ки дар Сарқонун ба таври умумӣ омадаанд, баъзе мушаххасотро зикр кардан мумкин аст. Масалан, банди «вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад» ба вазорати корҳои хориҷӣ ҳам, банди дигар роҷеъ ба таъйин ва озод намудани аъзои ҳукумат ба вазири корҳои хориҷӣ низ дахл дорад. Ба ин маънӣ, Президент ба қонунҳое имзо мегузорад, фармонҳое мебарорад, ки ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ дахл доранд.
Президент ҳуқуқ дорад, ки масъалаҳои заруриро, аз ҷумла, оид ба сиёсати хориҷӣ ба муҳокимаи парлумон барорад.
Бояд зикр намуд, ки доираи салоҳияти Президент бо ин маҳдуд намешавад. Тарзе зикр гардид, дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар низ ваколатҳои алоҳидаи Роҳбари давлат роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ зикр ёфтаанд. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
(1999) ваколатҳои Президент оид ба санадҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, дар Муқаррароти асосии амалияи ягонаи ташрифоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) салоҳияти Роҳбари давлат дар ҷараёни боздидҳо (пазироӣ, мулоқоту гуфтушунидҳо ва ғ.) муайян гардидааст.
- Маҷлиси Олӣ – парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода; ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент қасам ёд мекунад, бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё