Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон вазифаҳое, аз қабили ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ; тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ; тасдиқи рамзҳои давлатӣ; муқаррар намудани рутбаҳои дипломатӣ дохил мешаванд, ки ба сиёсати хориҷӣ дахл доранд.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ кор бурда, дар кори баъзе созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир ба ташаккул ва такмил додани пойгоҳи ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар ва рафти иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ кор мебарад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии сиёсати хориҷии давлат ва мувофиқатномаҳои ҳосилшуда бо кишварҳои дигар тадбирҳо андешида, фаъолияти вазорату муассисаҳоро дар ин самт ҳамоҳанг месозад. Ҳукумат созишномаҳои байналмилалии (байниҳукуматии) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо мерасонад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низом чун идорае шомил мешавад, ки ба он вазифаҳои махсуси фаъолияти ҳамарӯза дар татбиқсозии сиёсати хориҷии давлат вогузор шудаанд.
Чуноне дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» омадааст, Вазорати корҳои хориҷӣ мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд ва ба низоми мақомоти хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ҷараён медиҳад.
Мақсади асосии чунин коргирӣ – таъмини мутамаркази пешбурди сиёсати ягонаи хориҷии Тоҷикистон дар муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Назорат бурдан аз болои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ба доираи салоҳияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
Мақомоти хориҷии робитаҳои берунӣ тақсим мешаванд ба:
- доимӣ – намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ;
- муваққатӣ – миссияҳои махсус, ҳайатҳои давлатӣ дар иҷлосияҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, дар конфронсҳои байналмилалӣ, ҷаласаҳо ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё