Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» низоми мақомоти хизмати дипломатиро муайян намуд, ки ба он Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ (муассисаҳои хориҷӣ), намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зертобеи Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба мақсади таъмини фаъолияти Вазорат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, дохил мешаванд.
Ҳамин тариқ бо ҳидоят ва роҳнамонии Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина як низоми мукаммали мақомоти давлатӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки ҳаллу фасли тамоми масъалаҳои сиёсати хориҷии давлат миёни онҳо мушаххас шудааст.
III. Рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 12 майи соли 1944 дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис ёфта буд. Соли 1991 ҳангоми соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ дар ин вазорат теъдоди умумии кормандони дипломатӣ ва техникӣ ҳамагӣ ба понздаҳ нафар мерасид. Дар моҳи январи соли 1992 дар асоси он Вазорати робитаҳои хориҷӣ таъсис ёфт, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ низ ба ӯҳдаи он гузошта шуда буданд. Вале ин таҷриба дурустии худро собит накард ва моҳи июли ҳамон сол вазорати зикршуда барҳам дода шуда, дар пойгоҳи он Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ таъсис ёфтанд.
Таҳаввулоти ҷиддӣ дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ пас аз иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Бо супориши роҳбари давлат сохтори ин вазорат, салоҳияту зарфияти он мавриди бознигарӣ қарор гирифт. Дар ин асос 12 январи соли 1993 бо қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ сохтори нави дастгоҳи марказии вазорат тасдиқ гардид. Теъдоди кормандони он ба 75 нафар расонида шуда, пешбинӣ гардид, ки Вазир се муовин, аз ҷумла, як муовини аввал дошта метавонад. Мувофиқи ин қарор сохтори дастгоҳи марказии вазорат чунин муайян гардид: роҳбарият; гурӯҳи сафирони супоришоти махсус; котиботи умумӣ; раёсати робитаҳои ду ва бисёртарафа; раёсати таҳлил ва тадқиқоти стратегӣ; раёсати ташкилотҳои байналмилалӣ, робитаҳои ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ; раёсати протоколи давлатӣ; раёсати консулӣ; раёсати маъмурию хоҷагӣ.
Сарвари давлат ба ташаккули зарфияти кадрии вазорат таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро мутахассисони ин соҳа бо таҷрибаи забондонӣ ангуштшумор буданд. Он вақт дар дастгоҳи марказии Вазорат ҳамагӣ 19 корманд сари кор буд ва мебоист дар муддати кӯтоҳ ҳайати нав бо мутахассисони варзида пурра карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё