Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар он солҳо бо дастури Роҳбари давлат бо баъзе аз кишварҳои дӯст роҷеъ ба омода кардан ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ шартномаҳо ба имзо расиданд.
Дар солҳои баъдӣ сохтори дастгоҳи марказии Вазорат мутаносибан ба пешомадҳои нави сиёсати хориҷӣ инкишоф ёфта, дар таркиби он раёсатҳои нав кушода шуданд.
Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мегардад, санадест, ки сохтори вазоратро муайян ва фаъолияти ҷории онро танзим менамояд.
Санади муҳиме, ки ба мақсади таъмини фаъолияти вазорат барои чанд сол ва таҳаввулоти зина ба зинаи он қабул гардид, Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санад бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 августи соли 2007 қабул гардида, рушди Вазоратро то соли 2020 бо дарназардошти пешрафти кишвар ва таҳаввулот дар сиёсати ҷаҳонӣ таъмин месозад.
Консепсияи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки Вазорат ҳамзамон бо васеъ шудани самтҳои фаъолияташ тағйироти заруриро дар сохтори худ амалӣ намуда, барои ин мутахассисонро омода созад.
Масъалаи дигар муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ барои фаъолияти вазорат аст. Таҳти васояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳи бинои нави вазорат таҳия ва тасдиқ шуда, дар маҳалли бисёр мувофиқу муносиби пойтахт ҷой ҷудо гардид ва моҳи октябри соли 2010 Роҳбари давлат хишти аввали пойдевори онро гузошт. Дар назар дошта шудааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин бино тарҳҳои дигар, аз қабили таъсис додани Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷӣ амалӣ хоҳанд шуд. Ғайр аз ин, вазорат тайи солҳои охир соҳиби истироҳатгоҳи берунишаҳрӣ, майдони варзишӣ, мошинсаро, замини хоҷагии ёрирасон шуд, ки барои фаъолияти он кумак мерасонанд.
Масъалаи таъсис додани муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ аз рӯзҳои аввали истиқлолият яке аз вазифаҳои ҷиддии давлат дар самти роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, пайваста мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор гирифта буд. Дар рӯзи ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон ҳамагӣ як намояндагии Девони вазирони ҷумҳурӣ дар назди Девони вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва мавҷуд буд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин муассиса ба намояндагии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва табдил дода шуд. Моҳи июли соли 1992 намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид.
Вақте Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб шуд, ғайр аз намояндагиҳои зикршуда Тоҷикистон дар хориҷа ягон намояндагии дипломатӣ надошт. 26 июни соли 1993 Роҳбари давлат зимни суханрониаш дар иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз ин вазъият изҳори нигаронӣ намуда буд: «Яке аз масъалаҳои душвортарин дар соҳаи татбиқи сиёсати хориҷӣ дар кишварҳои хориҷӣ таъсис намудани намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 228
навбатӣ