Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамаи шумо хуб медонед, ки мо ҳоло дар ягон кишвари хориҷӣ сафоратхона накушодаем. Дар ин ҷо, аз як ҷониб, камбуди арзи хориҷӣ садди роҳ шуда бошад, аз ҷониби дигар, даргириҳои дохилӣ дар марҳалаи гузашта мамониати аз он камтаре набуданд. Аммо ҳукумат бояд ҳамаи чораҳоро андешад, ки масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ба таври мусбат ҳал гардад».
Соли 1993 дар бобати таъсис додани намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа иқдомҳои ҷиддӣ сурат гирифтанд. Худи ҳамон сол дар ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон сафоратҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд, намояндагии ваколатдори ҷумҳурӣ дар шаҳри Москва ба Намояндагии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва 18 декабр ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода шуд. 18 январи соли 1994 нахустин сафири Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супорид.
Дар марҳилаи аввал дар кишварҳои ИДМ, хусусан Осиёи Марказӣ таъсис додани сафоратҳо бесабаб набуд, зеро тавре аллакай зикр гардид, он вақт доираи ҳамкориҳои фаъолонаи ҷумҳурӣ асосан кишварҳои зикршударо дарбар мегирифт. Иқдомҳои минбаъда низ тавре сурат гирифтанд, ки сатҳи муносибату ҳамкориҳо онро талаб мекард. Ҳамин тариқ, соли 1994 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон нахустин сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 бошад дар Эрон ва Туркия, соли 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус сафоратҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд.
Пас аз ин дар бобати таъсис додани намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои хориҷӣ танаффуси панҷсола пеш омад.
Ҳамчунин ба хотири ба вуҷуд овардани пойгоҳи ҳуқуқии фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ як силсила санадҳои зарурӣ таҳия ва қабул гардиданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 Низомномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои асосии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои дигар аккредитатсия шудаанд, тасдиқ гардиданд. Соли 1993 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Низомнома дар бораи консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Дар баробари ин санадҳои дигаре, аз қабили Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 июли соли 1998) қабул гардиданд, ки фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҷумҳуриро дар самтҳои гуногун танзим менамуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ