Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Доир ба таъсис додани намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар даҳсолаи аввали истиқлолият таъсири ду омилро зикр кардан бамаврид аст. Яке аз омилҳо заиф будуни имкониятҳои буҷаи ҷумҳурӣ мебошад, ки вобаста ба вазъи кишвар дар ҳолати душвор қарор дошт. Тавре зикр гардид, пастравии иқтисодиёт, ки қабл аз расидан ба истиқлолият оғоз ёфта буд, танҳо пас аз имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон боздошта шуд ва дар ҳоли аз байн бурдани харобаҳои ҷанг ва таъмини мардуми зарардида бо шароити зарурӣ пешбинӣ кардани маблағҳо барои таъсис додани теъдоди бештари намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ғайриимкон буд. Омили дигар – сатҳи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ буд, ки аксари онҳо то пурра барқарор гардидани сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ аз таҳкиму тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо худдорӣ мекарданд. Аз ин хотир, Роҳбари давлат низ сари ин масъала саросемагӣ нишон надода, фурсати заруриро интизорӣ мекашид.
Соли 2000 талаботи Созишномаи умумии сулҳ пурра амалӣ гардида, парлумони нав ба фаъолият шурӯъ намуд, Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро анҷом дод. Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми нахустин худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «раванди бебозгашти сулҳ ва оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расид».
Барқарор гардидани сулҳу осоиш ва ваҳдати сартосарӣ имкон медод, ки бо мусоидати кишварҳои дӯст объектҳои муҳими иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, инфраструктурӣ, таълимӣ бунёд шаванд. Ҳамин тавр, барои марҳилаи нави тақвияту тавсеаи ҳамкориҳо бо соири кишварҳои олам фурсати лозимӣ тадриҷан фаро расид. Аз дигар тараф, амалҳои террористии сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк ва Вашингтони ИМА зарурати андешидани чораҳои таъхирнопазири муштараконаро бар зидди хатару чолишҳои нав ба миён овард. Пас аз амалиётҳои Нерӯҳои байналмилалии мусоидати амният (ISAF) ва НАТО дар Афғонистон, барқарор намудани ҳукумати расмӣ ва идомаи корҳо ба мақсади ба эътидол овардани вазъият дар кишвари ҳамсоя Роҳбари Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҳам бо Афғонистон ва ҳам кишварҳои НАТО ҳамкориҳои худро дар самти зикршуда тақвият бахшад. Ба ин хотир Роҳбари давлат охири соли 2001 дар бораи таъсис додани Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон фармон имзо намуд ва ин намояндагии дипломатӣ моҳи январи соли 2002 дар Кобул ва пас аз он Консулгарии ҷумҳурӣ дар Мазори Шариф ба фаъолият шурӯъ карданд. Ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар ИМА ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ