Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба дунболи ин Роҳбари давлат дар бораи пеш гирифтани сиёсати «дарҳои боз» изҳорот пахш намуд, ки мақсад аз он густариши беш аз пеши муносибату ҳамкориҳо бо давлатҳои хайрхоҳ буд.
Солҳои 2003 ва 2005 мувофиқан дар бораи кушодани сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон фармонҳо ба имзо расиданд.
Баъдан – соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Япония, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, баъдтар дар Швейтсария (ҳамзамон намояндагӣ дар шӯъбаи СММ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Баъзе аз роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ҳамзамон дар кишварҳои дигар ба вазифаи сафирӣ таъйин гардиданд.
Тайи чанд соли охир ҳамчунин дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Федератсияи Россия, Алматои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истамбули Туркия консулгариҳои генералӣ, дар шаҳрҳои Қундуз ва Файзободи Афғонистон консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба кор шурӯъ карданд.
Ҳоли ҳозир теъдоди сафоратҳо ба 24 ва консулгариҳо ба 8, аз ҷумла, 5 консулгарии генералӣ мерасад. Ҳамзамон пурқувват кардани пойгоҳи моддӣ-техникии намояндагиҳо идома дорад.
Ба фаъолияти мақомоти низоми хизмати дипломатӣ ҳалли масъалаҳои зиёди сиёсати хориҷӣ вобастагӣ дорад. Роҳбари давлат зарурати таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷиро дар даврони истиқлол зикр намуда, таъкид дошт, ки «пайваста кӯшиш кардем то манфиатҳои стратегӣ ва ҷории Ватан ва мардуми худро дар чаҳорчӯби сиёсати «дарҳои кушода» дар сатҳи шоиста таъмин намоем».
Ба андешаи Роҳбари давлат таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Аз ин рӯ «сохторҳои сиёсати хориҷӣ, қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои мамлакатамон вазифадоранд барои иҷрои онҳо ба нафъи кишвар, бахусус ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ тамоми имконият ва таҷрибаи худро сафарбар намоянд».

IV. Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ.
Таваҷҷӯҳи Роҳбари давлатро ҳамчунин масъалаи дигаре машғул медошт, ки дар мадди аввал чун мушкилӣ маънидод нашавад ҳам, вале дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ нақши бузург дорад.
Ғараз ташаккули таҷрибаи ташрифотист, ки Тоҷикистон онро надошт.

пешина
аз 228
навбатӣ