Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ташкил кардани боздидҳои ҳайатҳои расмии ҷумҳурӣ ба хориҷа, даъват кардани роҳбарони давлатҳо ва дигар ҳайатҳои расмии хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, омодагӣ гирифтан, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои имзошаванда, маросимҳои пешвозгирӣ, пазироии расмӣ, баргузор намудани гуфтушунидҳо, имзо кардани санадҳо, зиёфатҳои расмӣ, таъмини иттилоотӣ, муайян кардани сатҳи боздидҳо ва даҳҳо масъалаҳои ташрифотӣ бояд тадриҷан ба низоми муайян даромада, ба таҷрибаи маъмулӣ табдил меёфтанд.
Вале азбаски чунин таҷриба набуд, Роҳбари давлат супориш медод, ки ташрифоти давлатии Тоҷикистон дар такя бо таҷрибаи давлатҳои дигар, вале бо назардошти анъанаҳои миллӣ баргузор карда шаванд.
Хусусан дар бобати ташкил кардани боздидҳои сарони давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон саволҳо зиёд буданд. Оқибат моҳи декабри соли 1993 нахустин сафари роҳбари давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон баргузор гардид: Президенти Давлати Исломии Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ боздиди расмӣ анҷом дод. Баъдтар – соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирел ва соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оварданд.
Бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда моҳи июни соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаррароти асосии амалияи ягонаи ташрифоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) тасдиқ гардид, ки дар он ташрифоти давлатии ҷумҳурӣ шакли муайянеро соҳиб шуд. Дар ин санад муқаррароти боздидҳои олимақом ва баландмақом, хусусият ва сатҳи боздидҳои намояндагони хориҷӣ аз Тоҷикистон, боздидҳои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ, намояндагони онҳо, Дабири Кулли СММ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон, ташрифоти Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла сафарҳои хориҷӣ, дохилӣ ва мулоқотҳои ӯ, ташрифоти чорабиниҳо бо иштироки раиси парлумон, сарвазири ҷумҳурӣ, чорабиниҳои дигари ташрифотӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, қабули ҳайатҳои дипломатӣ, супурдани эътимодномаҳо, чорабиниҳо ба муносибати ҷашнҳои миллии давлатҳои хориҷӣ, ирсоли табрикномаҳо, иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон дар маросимҳои мотам ба сабаби фавти арбобони давлатии хориҷӣ ва дигар мавридҳо инъикоси худро ёфтаанд. Албатта, имрӯз доираи чорабиниҳои ташрифотии ҷумҳурӣ бо дарназардошти пешрафти кишвар хеле васеъ гардида, бо инкишофу таҳаввулоти худ аз ҳудуди ин санад каме берун рафтаанд, вале муҳимаш он аст, ки усулҳои асосӣ риоя карда мешаванд. Ин аст, ки дар шароити ҳозира на фақат мақомоти марказӣ, балки ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳо низ аз талаботи ташрифоти давлатӣ бохабаранд ва чорабиниҳоро дар сатҳи зарурӣ ҷараён медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё