Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
V. Ба вуҷуд овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва инояти пайвастаи Роҳбари давлат қарор дошт, ба вуҷуд овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, хусусан пойтахти давлат буд. Табиист, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуз аз баъзе конфронсу фестивалҳо чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор намекард ва аксари сафарҳои ҳайатҳои ҷудогона ба ҷумҳурӣ характерӣ шиносоӣ доштанд. Яъне, барои ҳайатҳои меҳмон фақат он муҳим буд бидонанд, ки як ҷумҳурии осиёии мардумаш мусулмон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар шароити сотсиализм чи ҳаёте ба сар мебарад.
Нахустин сафарҳои ҳайатҳои хориҷӣ дар замони истиқлолият, бахусус роҳбарони давлатҳо нишон доданд, ки ҷумҳурӣ барои иморатҳои махсус барои баргузор намудани мулоқоту гуфтушунидҳо ниёз дорад. Солҳои аввал маросими пазироии расмии роҳбари давлати хориҷӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешуд, гуфтушунидҳои ҳайатҳои расмӣ ва маросими ба имзо расонидани санадҳо дар Қасри Президент ё яке аз толорҳои бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ ҷараён мегирифтанд.
Дар давоми даҳсолаи аввали истиқлолият, ки боздидҳо нисбатан кам ба вуқӯъ мепайвастанд, иморатҳои мавҷуда бо таъмиру тармим ба ин мақсад истифода мегардиданд. Вале ҳар дафъа маълум буд, ки барои баргузор намудани чунин чорабиниҳо толорҳои барҳаво бо тамоми шароитҳои муосир лозиманд. Хусусан, ҳангоми баргузор намудани саммитҳо ва дар як вақт ҷобаҷо кардани ҳайатҳои зиёд ва пайи ҳам баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо имкониятҳои мавҷуда умуман ҷавобгӯи талабот набуданд.
Роҳбари давлат ҳалли масъаларо таҳти назорати худ гирифта, ба вазорату муассисаҳои дахлдор супоришҳо дод. Тарҳҳои иморатҳо бо дарназардошти меъмории миллӣ ҷиддан бо Роҳбари давлат мувофиқа гардида, сипас амалӣ карда мешуданд. Роҳбари давлат ба ин васила меъмории миллиро амалан эҳё намуд, доираи истифодаи онро дар сохтмони биноҳои давлатӣ, хусусан он ҷойҳое, ки чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд, хеле вусъат бахшид. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои омода кардани ҳунармандон, аз қабили устоҳои кандакор, гаҷбур, наққош, кулолгар ва ғ. коллеҷҳои нав ба фаъолият шурӯъ карданд.
Тайи чанд соли охир дар бӯстонсарии шаҳрии ҳукуматӣ Кохи Сомон сохта ба истифода дода шуд, ки ҳангоми баргузор намудани маросими инаугуратсияи Президент (2006), баргузор намудани саммитҳои ИДМ, СААД, ЕврАзЭС (2007), СҲШ (2009), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси исломӣ (2010), конфронсҳои гуногуни байналмилалӣ бо иштироки теъдоди зиёди ҳайатҳо аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё