Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Қасри Миллат чорабиниҳои муҳими ташрифотӣ, аз қабили маросими истиқболи расмии роҳбари давлати хориҷӣ (ҳангоми сафарҳои давлатӣ ва расмӣ) аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, мулоқотҳои Роҳбари давлат бо ҳамтоёни хориҷиаш бо иштироки ҳайатҳо ё тариқи хоса (як ба як), маросими ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ, нишастҳои матбуотӣ баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо, инчунин аз ҷониби Сарвари давлат қабул намудани эътимодномаҳо аз сафирони давлатҳои хориҷӣ дар ҳамин иморати пуршукӯҳ баргузор мегарданд.
Дигар маҷмааи муносибу мувофиқи баргузор намудани чорабиниҳои байналхалқӣ бӯстонсарои берунишаҳрии «Варзоб»
мебошад, ки чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ, аз қабили саммиту конфронсҳо дар ҳамин ҷо баргузор шудаанд. Обу ҳавои гуворо, табиати зебои ин ҷо, бахусус дар мавсими гарм, барои дар сатҳи олӣ баргузор намудани чорабиниҳо мусоидат мекунанд.
Иморатҳои зикршуда бидуни муболиға ба дастовардҳои бузурги меъмории миллӣ табдил ёфтаанд. Гузашта аз ин, бо дастуру маслиҳати Роҳбари давлат дар шаҳри Душанбе чандин меҳмонхонаи замонавӣ сохта шуд, ки ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ дар бобати ҷобаҷокунии ҳайатҳо мушкиле пеш намеояд.
Ҳамин тариқ, дар давоми фаъолияти худ Роҳбари давлат дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба рушди мақомоти сиёсати хориҷӣ иштироки бевосита дошт ва ин раванд таҳти сарпарастии ӯ пеш мерафт ва то имрӯз барои амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ тамоми шароитҳои зарурӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Ба ин маънӣ, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо тарроҳи хирадманду дурнигари сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, балки бунёдгузори низоми мукаммал ва мутаносиби инфрасохтории дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё