Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ПАЁМЕ РАВШАН АЗ СУЛҲУ ВАҲДАТ
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Саъдии Шерозӣ
Дар тӯли даҳсолаи аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат диққати асосиро ба масъалаҳои аз байн бурдани муқовимати яроқнок, таъмини сулҳу оштӣ ва ризоияту ваҳдати миллӣ равона карда буд. Ин масъалае буд, ки барои таъмини истиқлоли воқеӣ ва пешрафти кишвар дар шароити нав нақши калидӣ дошт. Имрӯз ба таърихи бистсолаи давлати Тоҷикистон назар афканда, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки яке аз муҳимтарин равандҳои даврони истиқлолият музокироти сулҳи тоҷикон ва тавассути он соҳиб шудан ба сулҳу оштӣ ва ризоияти миллӣ дар кишвар буд.
Зиддияти сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ бо роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ ва намоишу гирдиҳамоиҳои тӯлонӣ дар соли 1992 боиси шиддати вазъият, хунрезӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуданд. Тадбирҳое, ки ба хотири ба эътидол овардани вазъият андешида шуданд, аз ҷумла, таъсис додани «Ҳукумати муросои миллӣ» дар моҳи майи соли 1992 баръакси чашмдошти ҳукумат вазъиятро муташанниҷтар сохтанд. Дар пойтахт ва минтақаҳо гурӯҳҳои зиёди яроқнок пайдо шуданд, ки вазъиятро ноором месохтанд, дар Душанбе террори шахсиятҳои сиёсӣ, дар баъзе ноҳияҳои ҷануби кишвар задухӯрди яроқнок авҷ гирифтанд. Дар баробари ин, фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ, амал накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боиси он гардид, ки вазъият аз зери назорат баромад, Президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев таҳти фишору таҳдиди гурӯҳи яроқнок маҷбуран ба истеъфо рафт. Задухӯрдҳои шадид миёни гурӯҳҳои яроқнок тадриҷан доман паҳн карданд ва ҷанубу маркази кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар минтақаи Ҳисор роҳи оҳан тахриб гардид, ба аҳолӣ озуқа намерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё