Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба мақсади баррасӣ намудани вазъияти ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят вазнину мураккаб 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор шудани иҷлосия худ гувоҳи он буд, ки дар Душанбе гузаронидани ин чорабинии муҳим имкон надошт.
Иштирокчиёни иҷлосия вазъияти баамаломадаро таҳлилу баҳогузорӣ намуда, барои аз байн бурдани бӯҳрон чораҳои қатъӣ андешиданд. Яке аз чунин қадамҳои ҷиддӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави роҳбарияти парлумон ва аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар иҷлосия диққати ҳозиринро ба масъалаи муҳимтарини ҳаёти ҷумҳурӣ – барқарор кардани сулҳу оромӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин иброз дошта буд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Хотирнишон кардан зарур аст, ки дар он шабу рӯз бӯҳрони сиёсӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, шохаҳои ҳокимиятро комилан фалаҷ намуда буд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ қариб як миллион нафар аз ҷойҳои доимии зисташон иҷборан кӯчиданд, ҳазорҳо нафари дигар тарки ватан карданд, беш аз панҷоҳ ҳазор қурбонӣ шуда ё бедарак ғайб заданд, хоҷагии халқи кишвар ба маблағи беш аз 7 млрд. доллари ИМА хисороти моддӣ дид. Бар замми ин, зарари сиёсие, ки ба имиҷи давлат расид, то имрӯз зудуда нашудааст, зиёни рӯҳиву маънавие, ки сокинони кишвар бар асари бедодгариҳо ва қонуншиканиҳо ҳис карданд, ба ягон меъёру ченак намеғунҷад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи инро дарк мекард ва барои аз ин вазъият берун бурдани ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда буд.
Ӯ дар муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 изҳор дошт, ки «халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихи хешро аз сар мегузаронад».
Роҳбарияти нави Тоҷикистон ба мақсади берун овардани кишвар аз бӯҳрони фарогир ибтикороти ҳадафмандонаро оғоз карда, ба хотири ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зиёде андешид.
Ба мақсади ба эътидол овардани вазъият ва таъмини оштии миллӣ амалисозии тадбирҳо дар чанд самт ҷараён гирифтанд.
- Баргардондани муҳоҷирони иҷбории дохили кишвар ба ҷойҳои зисти доимӣ, барқарор кардани макони зисти онҳо, расонидани кумаки башардӯстона (ғизо, дору ва ғ.), таъмини амнияту шуғли онҳо ва ғайра. Барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ҷалб шуданд, ситодҳо таъсис ёфтанд, сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадор гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё