Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- Баргардондани гурезагоне, ки берун аз ҷумҳурӣ қарор доштанд, ба ҷойҳои зисти доимӣ. Доир ба ҳалли ин масъала комиссияҳои махсус ташкил ёфта, ба кишварҳои ИДМ сафар намуданд, ҳайатҳо ва гурӯҳҳои махсус ба Афғонистон фиристода шуданд, то бозгашти гурезагонро аз ин кишвар тезонанд, зеро дар он ҷо низ миёни гурӯҳҳои алоҳида муқовимати яроқнок идома дошт. Барои баргардондани гурезагони берун аз ватан созмонҳои байналмилалӣ ҷалб гардиданд, бо кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд, музокирот сурат мегирифт, корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд.
- Ба роҳ мондани гуфтушунид бо роҳбарони нерӯҳои сиёсии мухолифин ва аз байн бурдани муқовимати яроқнок. Моҳи марти соли 1993 Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти худ бахшида ба яксолагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид зикр намуд, ки ба туфайли тадбирҳои фаъолонаи идораҳои ҳукуматӣ «раванди тадриҷан ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ҷараён дорад». Роҳбари давлат зимни ин омодагии роҳбарияти ҷумҳуриро барои гуфтушунид кардан «бо ҳамаи тарафҳое, ки хоҳиши ҷумҳуриро зудтар аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ баровардан доранд», иброз намуд.
Дар он шабу рӯз ҷумҳурӣ имкони ҳалли ҳамаи мушкилоти ҷойдоштаро надошт ва ҳамчунин бо назардошти бисёр омилҳои вобаста ба вазъияти дохилӣ ва муносибат бо мухолифин, зарурати ҷалб намудани созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст барои кумакрасонӣ дар ҳалли онҳо мавҷуд буд. Ба ин хотир, роҳбарияти ҷумҳурӣ дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаро дар ҳалли масъалаҳои зерин медид:
а) расонидани ёрии бевосита дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳоҷирони иҷборӣ, баргардондани гурезагон аз кишварҳои хориҷӣ (хусусан аз Афғонистон), расонидани кумакҳои башардӯстона (сару либос, дорӯворӣ, ғизо), ёрӣ расондан дар барқарор кардани манзилҳои харобгашта (таъмини масолеҳи бинокорӣ) ва ғайра.
б) таҳти сарпарастии СММ ба роҳ мондани гуфтушуниди ҳукумат бо нерӯҳои сиёсии мухолифин ва тадриҷан аз байн бурдани муқовимати яроқнок бо гурӯҳҳои силоҳдори мансуб ба он, ки дар минтақаҳои Рашту Бадахшон амал мекарданд.
Бояд зикр намуд, ки раванди ба ҷойҳои иқомати доимӣ баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагон ба ҷойҳои сукунати доимӣ дар баробари харобу валангор шудани манзилу ғорат шудани молу мулк мушкилоти дигар низ дошт. Дар Қубодиён, Шаҳритус, Ҷиликул, Қумсангир, Бохтар ва Вахш, ки теъдоди асосии гурезагон аз ҳамин ноҳияҳо буданд, солҳои 1992-1993 бар асари мухолифати рухдода мардуми боқимонда муқобили баргаштани онҳо буданд. Дар бисёр ҳолатҳо хонаҳои валангоршудаву заминҳои гурезаҳоро соҳиб шуда, мегуфтанд, ки онҳо ба ҷойҳои дигар бираванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё