Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмон ба назди ин мардум рафт ва бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, мӯътақид сохт ва кор ранги дигар гирифт. Пас аз мулоқоту сӯҳбатҳои Роҳбари давлат мардуми ин ноҳияҳо аз пайи овардану ҷобаҷо кардани гурезаҳои худ шуданд. Аввалин қатораҳоро бо гурезагони бозгашта Роҳбари давлат пешвоз гирифт. Умуман, ташаббуси Роҳбари давлат дастгирии васеъ ёфта, кор дар самти овардан ва ҷобаҷокунии гурезагон хислати оммавӣ гирифт ва дар муддати кӯтоҳ натиҷаҳои мусбат дод.
Вале ба роҳ мондани гуфтушуниди миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифини тоҷик мураккабтар буд ва вақти бештареро талаб мекард.
Зарур буд, ки то оғози гуфтушунидҳо механизми мукаммали ин раванд пешбинӣ карда шавад, то натиҷаи дилхоҳ дода тавонад. Пӯшида нест, ки дар давраи то иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ дар Қурғонтеппа, Калининобод, Сайёд, Хорӯғ бо ташаббуси ҳукумати вақти ҷумҳурӣ ва нерӯҳои алоҳида чанд маротиба гуфтушунидҳо баргузор гардиданд, «Созишномаи сулҳи Хорӯғ» ба имзо расид, ҳамзамон ҳайати ИДМ бо роҳбарии ноиби Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон омада, бо гурӯҳҳои даргир мулоқот намуда буд. Вале азбаски ягон механизми мукаммали пайгирӣ намудани чунин иқдомот мавҷуд набуд, пас аз анҷоми гуфтушунидҳо тарафҳои мухолиф боз задухӯрдро идома медоданд. Бо назардошти ҳамаи ин Роҳбари давлат борои роҳандозӣ кардани гуфтушунидҳо замина омода мекард.
Шурӯъ аз аввали соли 1993 корҳои омодагӣ ба хотири сари мизи гуфтушунид нишастан бо мухолифин ва паст кардани шиддати муқовимати силоҳнок корҳо оғоз шуданд. Дафтари нозирони СММ, ки бо назардошти вазъи муташанниҷи Тоҷикистон 1 феврали соли 1993 дар Душанбе кори худро оғоз карда буд, ба ин раванд ҳамроҳ шуд. Ҳамчунин, апрели соли 1993 дипломати ироқӣ Исмат Қиттонӣ ба ҳайси Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Тоҷикистон таъйин гардид ва баъд моҳи декабри ҳамон сол ӯро дар ин вазифа дипломати уругвайӣ Рамиро Пирис-Баллон иваз намуд.
Бояд гуфт, ки зарурату моҳияти гуфтушунидро ҳарду ҷониб – ҳукумат ва мухолифин эътироф ва ба таври возеҳ дарк мекарданд, ки ҷуз сулҳу ризоият роҳи дигаре нест ва ин мавқеъгирии ду тараф барои сари мизи музокирот нишастан омили аз ҳама муҳим буд. Бино бар ин, ҳарду ҷониб ба омода кардани таклифҳо барои музокирот пардохтанд.
Бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин нақшаҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дӯст, аз ҷумла, Россия, Эрон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯрию машваратҳо сурат гирифтанд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои бо роҳи осоишта, сиёсӣ ва тариқи гуфтушунид ҳал кардани ихтилофи мавҷуда, инчунин масъалаҳои миёнҷигарӣ, роҳу усулҳои ҷараён додани музокирот миёни ҳукумату мухолифин муҳокима шуданд.

пешина
аз 228
навбатӣ