Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни чунин машваратҳо мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва кишварҳои зикршуда дастгирӣ ёфт ва дар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда барои оғоз намудани раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар сатҳҳои гуногун кор оғоз гардид.
Азбаски ҷонибҳои кумакрасон бо ҷониби дигари музокирот низ дар тамос буданд ва машваратҳо мегузарониданд, роҳбарияти сиёсии мухолифин низ ба ин раванд тайёрӣ медид.
Муайян гардид, ки музокироти сулҳи миёни тоҷикон байни ҳайатҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид сурат хоҳанд гирифт. Мувофиқи хоҳиши тарафҳои музокирот бояд дар рафти онҳо Фиристодаи махсуси Дабири Кулли СММ оид ба Тоҷикистон миёнаравӣ намуда, дар ҷаласаҳо раисӣ мекард, дар вохӯриҳо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии алоқаманд ба сифати нозир ширкат меварзиданд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, давлатҳои дӯст – Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иштироки намояндагони худро ба сифати нозир дар музокирот таъйид намуданд. Масъалаи дигар – дар куҷо баргузор намудани даврҳои музокирот ҳамчунин роҳи ҳалли худро ёфт ва бо хоҳиши роҳбарияти Федератсияи Россия маҳалли баргузор намудани мулоқоти нахустин шаҳри Москва муайян шуд.
Ҳамин тавр, 5 апрели соли 1994 ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) дар шаҳри Москва ба даври аввали музокироти сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар ин даври музокирот масъалаи асосии баррасишаванда тасдиқ намудани рӯзномаи гуфтушунидҳо буд. Ба рӯзнома се маҷмӯи масъалаҳо, ки ба ноил шудан ба оштии миллӣ дахл доранд, ворид карда шуданд:
- чораҳое, ки ба ҳалли сиёсии вазъияти Тоҷикистон равона карда шудаанд;
- ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;
- масъалаҳои зербиноии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар натиҷаи муҳокимарониҳо ва баҳсу мунозираи тӯлонӣ рӯзномаи музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ қабул гардид.
Албатта, санадҳое, ки дар ин даври музокирот қабул шуданд, барои қадамҳои минбаъда аҳамияти калон доштанд, вале иқдоми аз ҳама муҳим – сари як миз нишастану муҳокима намудани мушкилоти ҷойдошта буд. Оғоз ёфтани музокирот умедворӣ ба он дод, ки сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон пойдор хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё