Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гуфтушунидҳо дар се зина доир гардиданд. Зинаи якум – гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҷонибҳо буданд, ки даврабандии музокирот мувофиқи онҳо муайян мешуд ва дар онҳо ҳамаи аъзои ҳайатҳо – 7-10 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб иштирок мекарданд. Зинаи дуюм – вохӯриҳои баландпоя (машваратҳои сатҳи баланд) буданд, ки дар онҳо роҳбарон ва теъдоди маҳдуди аъзои ҳайатҳо ширкат меварзиданд. Зинаи сеюм
– мулоқотҳои сатҳи олӣ буданд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик иштирок мекарданд ва тасмимгириҳои онҳо дар рафти музокирот нақши ҳалкунанда доштанд.
Чунин зинабандӣ имкони муносиби муҳокимаи масъалаҳо ва тасмимгириҳои лозимаро таъмин мекард. Аз ин рӯ ҳар зинаи он дар ҳолати зарурӣ баргузор шуда, қадам ба қадам сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллиро наздик мекард. Вале сарфи назар аз он, ки тарафҳо дар кадом сатҳ ҷамъ меоянд, Роҳбари давлат тамоми раванди музокиротро пурра таҳти назорат қарор дода, аз ҳайати ҳукуматӣ роҷеъ ба рафти мулоқоту гуфтушунидҳо ва масъалаҳои ҷойдошта маълумот мегирифт, дастуру супоришҳо медод.
Ҳукумати ҷумҳурӣ санадҳоеро, ки дар раванди музокирот ба имзо мерасиданду мӯҳлати татбиқи онҳо муайян буд, мавриди иҷро қарор медод. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки барои пешрафти гуфтушунидҳо имкониятҳои иловагиро фароҳам овард, Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва дигар амалҳои душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунидҳо мебошад, ки 17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон дар натиҷаи мулоқоти якуми баландпоя ба имзо расида, дар роҳи ба даст овардани сулҳ қадами ҷиддие гардид. Риоя шудани талаботи ин санад амалан маънои қатъ кардани амалиёти ҷангиро дошт. Ҷонибҳо дар ин Созишнома расман зери мафҳуми «қатъ кардани амалиёти душманона» иҷрои шартҳои зеринро дохил намуданд:
«… - аз ҳар ду ҷониб қатъ кардани амалиёти ҷангӣ, ба шумули ҳар гуна сарҳадвайронкунӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, амалиётҳои ҳуҷумоварӣ дар дохили кишвар, зери тирборон қарор додан аз он самти ҳудуд, ташкили ҳар навъ машқи ҳарбӣ, ҷойгардон кардани сохторҳои доимӣ ва муваққатии ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки сабаби ихлол дар ин Созишнома мешавад;

  • аз ҳар ду ҷониб қатъ кардани амалиёти террористӣ ва вайронкорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, дохили ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар;
  • роҳ надодани ҳар ду ҷониб ба куштор, гаравгонгирӣ, ҳабсу нигоҳдории ғайриқонунӣ, ғорати аҳолии осоишта ва ҳарбиён дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар;
  • роҳ надодан ба муҳосираи маҳаллаҳои аҳолинишин, объектҳои хоҷагии халқ ва ҳарбӣ, инчунин ҳар навъи воситаҳои иртиботот;
пешина
аз 228
навбатӣ