Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- истифода набурдани воситаҳои алоқа ва ахбори омма дар вайрон кардани раванди мусолиҳаи миллӣ;
- истифода набурдани дин ва эҳсосоти мазҳабии мӯъминон, ҳама гуна идеология ба мақсадҳои душманона».
Ба хотири таъмини иҷрои ин созишнома бо иштироки намояндагони ду ҷониб комиссияи назорати оташбас таъсис ёфт, ки дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари нозирони ҳарбии СММ ба фаъолият пардохт.
Пас аз ду даври гуфтушунид ва ду мулоқоти баландпоя 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон нахустин мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо миёнҷигарии Фиристодаи махсуси Дабири Кулли СММ Рамиро Пирис-Баллон ва мусоидати фаъолонаи Президенти Давлати Исломии Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ замоне сари мизи мулоқот нишастанд, ки аз оғози музокирот беш аз як сол сипарӣ гардида, сарфи назар аз душвориҳои раванди музокирот дастовардҳо назаррас буданд. Дар кишвар бошад вазъият рӯ ба эътидол оварда, ояндаи он рушантар ба назар мерасид, Конститутсияи нав тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, мардум чорабиниҳои ҳукуматиро барои таъмини волоияти қонун, низоми дохилии кишвар ва сиёсати хориҷии он ҷонибдорӣ мекард. Дар баробари ин дар минтақаҳои алоҳида – Қаротегину доманакӯҳи Помир задухӯрдҳои алоҳида миёни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни мухолифин рух медоданд.
Дар Изҳороте, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои Кобул қабул гардид, азми қавии тарафҳо барои идома додани музокирот равшан ифода ёфта буд. Дар он гуфта мешавад, ки «ҳангоми мулоқот ҳарду ҷониб омодагии худро ба ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини кишвар – роҳ надодан ба муноқишаи беохири миёни тоҷикон ва ноил шудан ба ҳусни тафоҳуми комили онон, таъмини оташбас алҳол барои се моҳ, бозгашти ҳамаи муҳоҷирон ба ҷойҳои муқимии зист, эътидоли пурраи вазъияти сиёсии Тоҷикистон собит намуданд». Дар изҳорот тарафҳо зикр намуданд, ки «ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».
Албатта, Изҳорот санади расмиест, ки на ҳама фикру андешаҳои ҷонибҳоро фаро гирифта метавонист. Ҳарду ҷониб аз аҳду паймони ҳосилшуда дар мулоқоти Кобул қаноатманд буданд ва онҳоро барои музокироти минбаъда муфид арзёбӣ намуданд. Бо қабули изҳорот барои гуфтушунидҳои минбаъда заминаи нав эҷод карда шуд ва боварии ҷонибҳо барои дастрасӣ ёфтан ба сулҳу оштӣ қавитар гардид.
Ин вохӯрии нахустинро солҳои баъд Роҳбари давлат ба хотир оварда, мегӯяд, ки дар мулоқоти хоса бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар бораи тақдири миллату давлат ҳарф задем, ки масъулияти бузургеро назди ҳарду тараф мегузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё