Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Шахсони наздик ба роҳбари ИМТ бо ишора ба ин мулоқот зикр мекунанд, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз вохӯрии худ бо Эмомалӣ Раҳмон хеле қаноатманд ва рӯҳбаланд буд ва мақсадаш дар роҳи сулҳу оштӣ хеле устувор гардид.
Бояд зикр кард, ки қабл аз мулоқоти Кобул ҳам Роҳбари давлат бо ҷасорату мардонагӣ ва сӯҳбатҳои рӯиросту самимонааш бо намояндагони мухолифин мавриди эҳтироми онҳо қарор гирифта буд. Ӯ ҳангоми сафарҳояш ба вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо роҳбарони гурӯҳҳои яроқноки мухолифин, ки зидди қувваҳои ҳукуматӣ амалиёт мебурданд, мулоқот намуда, онҳоро дар ҳайрат гузошта буд. Роҳбари ИМТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи ватанпарастонаи Роҳбари давлатро дарк намуда, ҷиддан ба ин раванд пайваст шуд.
Чун идомаи ин гуфтушунид, дере нагузашта – 19 июли соли 1995 дар шаҳри Теҳрон вохӯрии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик, раиси Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид, ки ҳамчунин дар роҳи расидан ба сулҳу оштии миллӣ заминаҳои нав фароҳам овард. Дар изҳороте, ки оид ба натиҷаҳои мулоқот қабул шуд, зикр гардидааст, ки дар рафти гуфтушунид, аз ҷумла, роҷеъ ба масъалаҳои зерин мувофиқа ба даст омад: даъват намудани Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари намояндагони тарафҳо ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар; давом додани музокирот дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ то ҳалли ниҳоии масъалаҳои мавриди баҳс, муҳокимаи тамдиди мӯҳлати Созишномаи оташбаси муваққатӣ дар даври панҷум; дар аввали моҳи августи соли 1995 баргузор намудани даври панҷуми музокирот.
Натиҷаҳои ин мулоқот бори дигар нишон доданд, ки ворид гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раванди музокирот ва таклифҳои ӯ роҳбарияти мухолифинро роҷеъ ба устувории мавқеи Роҳбари давлат дар бобати барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дилпур намудааст.
Мулоқоти Теҳрон омодагии тарафҳоро барои иқдомҳои ҷиддитар собит намуд. Дар натиҷа моҳи августи соли 1995, ки мебоист мувофиқи Изҳороти 19 июл даври панҷуми музокирот баргузор мегардид, дар ҷараёни гуфтушунидҳо рӯйдоди ҷиддие ба амал омад. Гуфтушунидҳо ба вақти дигар гузаронида шуданд, вале ба ҷои ин бо миёнаравии Фиристодаи махсуси Дабири Кулли СММ Р. Пирис-Баллон 17 августи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар Душанбе ва роҳбари ИМТ С. А. Нурӣ дар Кобул ба ҳуҷҷати бисёр муҳим – Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки дар он роҳу василаҳои расидан ба сулҳи пойдор пешбинӣ шуда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё