Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Протоколи мазкур санаде буд, ки минбаъд ҳарду ҷониб амалҳои худро дар раванди барқарорсозии сулҳу оштии миллӣ бо он мувофиқ мегардониданд. Дар оғози ҳуҷҷат омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва роҳбари оппозитсияи тоҷик А. Нурӣ барои риояи таъмини манфиатҳои олии халқи тоҷик нияти ҷиддӣ дошта, таъкид мекунанд, ки музокира ва ҳамкорӣ василаи зарурии дастрасӣ ба сулҳи устувор дар кишвар мебошад. Бо ин ният ҳукумат ӯҳдадор мешавад аз чунон амалҳое худдорӣ намояд, ки мухолифи мӯҳтавои протоколҳои имзошаванда бошанд ва аз қабули чунон қонунҳо ва чораҳо худдорӣ менамояд, ки бо ин протокол мувофиқат намекарда бошанд. Оппозисиони тоҷик дар навбати худ тааҳҳуд мекунад, ки муборизаи сиёсиро танҳо ба василаи мусолиҳатомез, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи шарту шароит ва кафолатҳои дар Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар анҷом диҳад». Яке аз шартҳои муҳиме, ки дар Протокол дарҷ ёфт, ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ бо роҳҳои мусолиматомез дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Протокол муқаррар намуд, ки Созишномаи умумии зикршуда аз протоколҳои ҷудогона оид ба гурӯҳи зерини проблемаҳо иборат мешавад:
«а) проблемаҳои сиёсӣ ба шумули Форуми Машваратии халқҳои Тоҷикистон, фаъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва иштироки намояндаҳои онҳо дар идораи ҳокимият, ҳамчунин амиқтар кардани раванди демократикунонии ҷомеаи тоҷик; б) проблемаҳои ҳарбӣ, ба шумули ислоҳоти сохторҳои боиқтидори ҳукумат, барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи сохторҳои мусаллаҳи мухолифин бо қувваҳои мусаллаҳи ҳукумат ё соҳаи мулкии кишвар дар асоси графике, ки ҳангоми музокирот муайян шудааст; в) репатриатсия ва реинтегратсияи ихтиёрӣ, бехатар ва бошарафонаи гурезаҳо, ба шумули кафолати ҳимояи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо; г) комиссия оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳар ду тараф риоя шудани Созишномаи умумӣ; д) кафолати иҷрои Созишномаи умумӣ, ба шумули нақши эҳтимолии Созмони Милали Муттаҳид, мамолик ва созмонҳои байналмилалӣ – нозирони музокироти байни тоҷикон; ж) конфронси донорҳо барои маблағгузории барномаҳо барои реинтегратсияи гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ, ашхоси дар раванди мусолиҳаи миллӣ аз аскарӣ ҷавоб шуда, ҳамчунин ёрии зарурӣ барои эҳёи хоҷагии халқи мамлакат, ки дар асари ҷанги шаҳрвандӣ хароб шудааст».

пешина
аз 228
навбатӣ