Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Муқаррар гардид, ки протоколҳо оид ба маҷмӯи проблемаҳои зикршуда ҷузъи пайвастаи Созишномаи умумӣ мебошанд ва ҳуҷҷати мазкур аввалин Протоколи ин силсила аст. Ин ва протоколҳои дигар, ки минбаъд пайи ҳам қабул мешуданд, бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷамъбаст гардида, барои ба маҷрои муътадил баргардондани ҳаёти кишвар ва таъмини сулҳу субот заминаи зарурӣ муҳайё месохтанд.
Дар ин ҳуҷҷат омадааст, ки аз 18 сентябри соли 1995 сар карда, ба мақсади ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон давраи бетанаффуси музокирот ташкил карда шавад. Вале баргузор гардидани ин давр каме тӯл кашида, марҳилаи нахустини он аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995 дар Ашқобод баргузор шуд. Дар ин марҳила баррасӣ намудани қисми сеюми масъалаҳои рӯзномаи музокирот идома ёфт.
26 январ-19 феврали соли 1996 дар пойтахти Туркманистон марҳалаи дуюми даври панҷуми музокирот баргузор шуд. Дар ин вақт вазъи сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ муташанниҷ буд, аз ин сабаб мулоқотҳо низ бо мушкилиҳо ҷараён гирифтанд.
Рафти марҳалаи якум ва дуюми даври панҷуми гуфтушунидҳо нишон дод, ки нисбати баъзе масъалаҳо, аз қабили, таъсис додани ниҳоди алоҳида дар давраи татбиқ намудани Созишномаи умумӣ мавқеи ҷонибҳо фарқ мекунад. Масалан, ҳайати мухолифин пешниҳод намуд, ки як ниҳоди ба сохторҳои давлатӣ таъсиррасон бо ваколатҳои зиёд бо номи Шӯрои оштии миллии доимоамалкунанда таъсис дода шавад, гарчанде чунин масъалагузорӣ хилофи сарқонуни ҷумҳурӣ буд.
Ҳайати ҳукуматӣ бошад таъсис додани Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистонро, ки тарафҳо дар сатҳи олӣ маъқул дониста буданд, мувофиқи мақсад мешуморид.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо оид ба чунин масъалаҳои муҳим сари як фикр наомаданд ва Роҳбари давлат аз чунин ранг гирифтани кор ба хулосае омад, ки ба хотири аз байн бурдани мухолифати тарафҳо рафти музокироти тоҷикон дар ҷаласаи парлумони кишвар мавриди муҳокима қарор гирад. Ба ин мақсад 11 марти соли 1996 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини Дабири Кулли СММ И. Қиттонӣ, Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон Р. Пирис-Баллон, намояндагони Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Дар иҷлосия бо маърӯзаи махсус роҳбари ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Назаров баромад кард.

пешина
аз 228
навбатӣ