Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зарурати гуфтушунидҳоро барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта муҳим арзёбӣ намуд: «Чунин таҷриба шояд дар таърихи сиёсии дунё камназир бошад. Вале мо ба хотири қатъи ҳама муноқишот, ба хотири сарҷамъии миллати азизамон ва таъмини осудагии рӯзгори мардум ба ин кор иқдом кардем». Роҳбари давлат иброз дошт, ки «ба иҷлосия даъват шудани роҳбарияти мухолифин танҳо як мақсад дорад: азбаски давраи бетанаффуси гуфтушуниди байни тоҷикон ба кӯчаи сарбаста ворид шуд, қарор додем, ки дар ин иҷлосия бо роҳбарияти мухолифин рӯбарӯ, ошкоро, бе пардапӯшиҳои дипломатӣ гуфтугӯ кунем…. Умед мекунем ва боварӣ дорем, ки гуфтугӯйи имрӯза гиреҳи мушкилоти пешомадаро боз менамояд». Президент алоқамандии роҳбарияти кишварро ба роҳи пешгирифта, яъне тариқи мусолиматомез ҳаллу фасл намудани мухолифат изҳор дошта, таъкид кард: «мо тайёр ҳастем тамоми чораҳоро бинем, ки мушкилоти дар раванди музокирот ба вуҷудомада хушӣ ба хушӣ аз миён бардошта шавад». Сарвари давлат барои ба мақсад расидан истифодаи ду роҳро зикр намуд: якум – супориш додан ба комиссияи ҳукуматӣ барои гуфтушунидро давом додан ва пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаҳо дар чорчӯбаи муайян, эҳтиром ва риояи Конститутсияи ҷумҳурӣ, дуюм – худи ҳозир бо мухолифин бе ҳеҷ гуна шарти пешакӣ имзо кардани Созишнома дар бораи сулҳи доимӣ.
Вакилони халқ ва меҳмонони иҷлосия мавқеи Роҳбари давлатро пурра маъқул донистанд. Дар Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба созиши миллӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид», ки дар фарҷом қабул гардид, натиҷагирии муҳими иҷлосия – идома додани музокирот ва иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшуда бо мухолифин зикри худро ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади таъмини ваҳдати миллӣ ва ягонагии аҳли ҷомеа тадбирҳои иловагӣ меандешид.
Аз ҷумла, 9 марти соли 1996 таҳти сарварии Роҳбари давлат бо иштироки Раиси Маҷлиси Олӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ташкилотҳои эҷодӣ, мазҳабӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар миёни мардуми ҷумҳурӣ ҳамовозӣ пайдо карда, дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳиме бозид. Дере нагузашта – моҳи июни ҳамон сол ба мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ҷиҳати ба даст овардани таносуби манфиату ақидаҳо, ҷӯстуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ иштирокдорони Аҳднома Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон доданд. Шӯрои ҷамъиятӣ мақоми намояндагӣ, машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ гирифта, ба ҳамаи иштирокдорон – намояндагони ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар бораи масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат табодули афкор ва доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияҳо пешниҳод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё