Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Хушбахтона, ин даъватҳо беҷавоб намемонанд ва солҳои охир саҳми соҳибкорони ватанӣ, ки дар хориҷи кишвар соҳиби сармояи аввалия шудаанд, дар таъсис додани корхонаҳо ва ба кор даровардани технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ тамоюли тавсеа ёфтан дорад.
Сафорати Тоҷикистон дар Украина бошад Шӯрои соҳибкорони назди сафоратро таъсис дод, ки инро низ метавон чун як имконияти дигари ҷалб намудани доираҳои кордони ин кишвар барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон маънидод намуд. Ҷараён додани кор тавассути Шӯро метавонад самтҳои ҳамкории соҳибкорони украиниро бо ҳамтоёни тоҷикистониашон муайян намуда, ҳатто доираи ҳамёронро мушаххас созад, то тасмимгириҳо аз рӯзҳои аввал амиқ сурат гирифта, амалҳои тасодуфӣ истисно шаванд. Дар навбати худ Шӯро метавонад ба воситаи ҷалб намудани сармоягузорони украинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон табдил ёбад.
Ба тавсеа бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳаммарз низ диққати махсус дода мешавад. Барои рушду таҳкими бештари чунин робитаҳо фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ лозим аст. Ба ин хотир амалӣ намудани чандин лоиҳа пеш омад, ки дар натиҷа, дигаргуниҳои мусбат ба вуқӯъ пайвастанд. Масалан, баъди он ки дар минтақаи Панҷи Поён пули калони мошингузар ба истифода дода шуд, гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон чандин маротиба афзоиш ёфт. Дар бозорҳои наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон номгӯ ва ҳаҷми молҳое, ки мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд, ҳамасола меафзояд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ноҳияи Мухтори Синҷиан-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ҳамзамон бо кушодани роҳҳои мошингузар бамаротиб васеъ гардиданд. Бо вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон низ ривоҷ додани ҳамкориҳо сифату мазмуни нав касб мекунад. Дар назар дошта шудааст, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон барои ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаи нав ба вуҷуд меоранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ чун ҳамоҳангсози масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷии кишвар ҳамаи ин вазифаҳоро дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои марбута ба иҷро мерасонад. Дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва ривоҷ додани ҳамкориҳои судманд бо ҳамёрони хориҷӣ ҳамеша бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати кишоварзӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамоҳангиҳои пайваста сурат мегиранд. Зарур аст, ки имкониятҳои мавҷуд васеътар истифода шаванд. Дар ин маврид аз намоишгоҳҳои Палатаи савдо ва саноат ёдовар шудан мумкин аст, ки барои рекламаи маҳсулоти ҷумҳурӣ ва ҷалби хориҷиён мусоидат мекунанд. Паҳн кардани маводи рекламавӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, сайтҳои расмии вазоратҳо, ба воситаи намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар имкониятҳо бетаъсир намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё