Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар баробари ҳамаи ин, равандҳои ҷаҳонӣ ҳар замон дар муносибату ҳамкориҳои иқтисодӣ дигаргуниҳо ворид намуда, талаботи нав пеш мегузоранд. Боло рафтани арзиши маҳсулоти нафтӣ, афтидани нархи пахта ва алюминий – маҳсулоти асосии Тоҷикистон барои содирот, мушкилоти эҷодшуда ҳангоми ҳамлу нақли мол аз ҷониби кишвари ҳамсоя ва дигар проблемаҳое, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва молиявӣ пеш омаданд, бори дигар зарурати фаъол намудани дипломатияи иқтисодии ҷумҳуриро собит намуданд. Имрӯз барои ҷумҳурии мо татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи гироэнергетика, аз қабили сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва хатҳои баландшиддати барқ, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, ки аҳамияти минтақавӣ доранд ва раҳоӣ ёфтани Тоҷикистонро аз бунбасти нақлиётӣ таъмин хоҳанд кард, аҳамияти махсус доранд. Онҳо лоиҳаҳое мебошанд, ки рушди минбаъдаи кишварро бидуни амалӣ намуданашон тасаввур кардан номумкин аст. Дар татбиқ намудани ин лоиҳаҳо дипломатияи иқтисодӣ бояд ҷойгоҳи худро дошта бошад.
Дар ин росто, тадбирҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарҳрезии сиёсати фаъоли хориҷӣ, хусусан дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати ҷалб намудани имкониятҳои берунӣ ба хотири таъмини рушди устувори кишвар, ҳаллу фасли мушкилоте, ки дар баробари соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ба миён омаданд ва онҳоро Роҳбари давлат чун ҳадафҳои стратегӣ мушаххас кардааст, бо амалӣ шудани бархе аз тарҳҳои муҳим аллакай дурустии худро собит сохта, дар ояндаи наздик кишвари моро ба сатҳи тамоман нави тараққиёт хоҳанд баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё