Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз мулоқоту гуфтушунидҳо бо шарикони эҳтимолии хориҷӣ бармеояд, ки таваҷҷӯҳи соҳибкоронро бештар шаффофияти ба расмият даровардани фаъолият, низоми андоз, пардохтҳои гумрукӣ ва ба ҳамин монанд масъалаҳо ҷалб мекунанд.
Самти дигари кор таъмин кардани тамоси бевоситаи роҳбарони корхонаҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон мебошад. Дар ин бахш баргузор намудани анҷуманҳо (бизнесфорумҳо)-и муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва кишварҳои алоҳида чи дар ш. Душанбе ва чи хориҷа ба ҳукми анъана даромадааст.
Яке аз имкониятҳои самаранок баргузор намудани чунин анҷуманҳо дар хориҷа ба барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онҳо мебошад. Дар чунин ҳолат доираи васеи соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳо дар сафар Роҳбари давлатро ҳамроҳӣ карда, дар анҷуман ширкат меварзанд. Иштирок ва суханронии Роҳбари давлати Тоҷикистон дар анҷуман сатҳи онро боло бурда, ба амалӣ шудани мувофиқаҳои ҳосилшуда мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, ба Тоҷикистон даъват кардани соҳибкорони хориҷӣ беш аз пеш рӯй медиҳад. Масалан, дар моҳҳои май-июни соли 2011 бо кӯшиши сафоратҳои Тоҷикистон дар Покистон ва Арабистони Саудӣ соҳибкорони кишварҳои зикршуда ба Душанбе омада, бо ҳамтоёни тоҷикистониашон дар анҷумани муштараки худ иштирок карданд, бо роҳбарияти ҷумҳурӣ ва як қатор вазорату муассисаҳо мулоқотҳо анҷом доданд. Ба ғайр аз ин, сафарҳои гурӯҳҳои соҳибкорон ё роҳбарони ширкатҳои алоҳида низ маъмул шудаанд.
Солҳои охир ба вуҷуд овардани сохторҳои ҷамъиятӣ бо иштироки соҳибкорони кишвари иқомат ё ҳамватаноне, ки муқими ин кишварҳо гардидаанд, тадриҷан ба ҳукми анъана медарояд. Дар кишварҳои Бенилюкс таъсис ёфтани ассотсиатсияи соҳибкорон бо дастгирию ҳидояти Сафорати Тоҷикистон дар Белгия гувоҳи ин гуфтаҳост.
Раиси ин ассотсиатсия ва аксари аъзои он собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва дар бораи ҷумҳурӣ маълумоти хуб доранд.
Ассотсиатсия метавонад дар бораи Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории он миёни соҳибкорон маълумоти заруриро паҳн карда, доираи онҳоеро, ки бо ҷумҳурии мо майли ҳамкорӣ кардан доранд, зиёд намояд.
Дар бобати ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷалб кардани имкониятҳои ақлонӣ ва молиявии диаспораҳои тоҷикистонӣ дар хориҷа кор бурда мешавад, ки ҳамчунин самараи мусбат дорад. Чунин кор дар кишварҳое, аз қабили Россия, Қазоқистон роҳандозӣ мешавад, ки теъдоди зиёдтари ҳамватанони мо зиндагӣ мекунанд. Дар мулоқотҳои худ бо ҳамватанони бурунмарзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нукта аҳамияти хоса медиҳад ва ҳар дафъа онҳоро барои иштироки бештар доштан дар рушди иқтисоди кишвари худ даъват мекунад.

пешина
аз 228
навбатӣ