Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ» –
ФАРҲАНГИ ҲАМЗИСТӢ БО ОЛАМИ ИМРӮЗ

Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.

Абулқосим Фирдавсӣ

Эълом доштани сиёсати «дарҳои боз» аз тарафи Роҳбари давлат охири соли 2002 пас аз қабул шудани Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд. Вале принсипҳои коргирӣ аз чунин сиёсат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон қаблан зикр шуда буданд.
Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар изҳороти худ роҷеъ ба яксолагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар марти 1993 изҳор дошт, ки «ҳамчун узви СММ Тоҷикистон дарҳои худро барои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кушодааст».
Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26 июни соли 1993 иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст сиёсати мутавозину прагматиро пеш гирад ва он бояд аз пайравии якҷониба холӣ бошад». Ба андешаи ӯ «чунин иқдом бо дарназардошти чандин афзалият сурат хоҳад гирифт», ки «асоситарини онҳо пеш аз ҳама бо роҳҳои сиёсӣ таъмин кардани амнияти Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди хориҷӣ барои пешравии ислоҳоти демократӣ, истифодаи кумакҳои моддию техникӣ барои тадриҷан ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштан, барқарор кардани муносибатҳои нави мутақобилан муфиди Тоҷикистон бо аъзои ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ мебошанд».
Ин фикрро Роҳбари давлат 15 ноябри соли 1993 зимни суханрониаш ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ бори дигар тақвият бахшид: «Мо бо дарназардошти манфиатҳои Тоҷикистон ният дорем бо тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаи қавии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намоем», «бо ҳамаи давлатҳои дунё дар асоси манфиатҳои мутақобила ҳамкорӣ хоҳем кард».

пешина
аз 228
навбатӣ