Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ӯ иброз дошта буд, ки «ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст».
Он вақт давраи кӯтоҳи истиқлолияти Тоҷикистонро таҳлил намуда, Роҳбари давлат гуфта буд, ки дар шароити ҷумҳурӣ раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар чанд омили асосӣ метавонистанд ба сарнавишти кишвар ва мардуми он таъсири дарозмуддати манфӣ дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон он омилҳоро чунин мушаххас намуда буд:

  1. Ташаккули Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони шадиди сиёсиву идеологӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти даврони баъди низоъ, мавҷуд набудани сохторҳо ва механизмҳои фаъоли идораи давлат ва ҷомеа, инчунин мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дахолати хориҷӣ сурат гирифт.
  2. Давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамзамон бо таъсис ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии сиёсиву идорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар бахши иқтисод ногузир ба ислоҳоти бунёдӣ даст зад, ки ин иқдом табиатан равандҳои иҷтимоиро шиддат мебахшад ва барои фаъолияти доманадори нерӯҳои сиёсии дохилӣ ва талошу кӯшишҳои таъсиррасонии доираву гурӯҳҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
  3. Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои ҳифзи асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мардуми кишвар хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи роҳбарияти ҷумҳурӣ барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд.
  4. Дар натиҷаи таъсири ҷиҳатҳои хоси ҷаҳонишавӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, хеле васеъ гардид ва ин зуҳурот ба хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Зимни ин Тоҷикистони тозаистиқлол дар хати аввали муқовимат бо онҳо таҳти фишори шадид қарор гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири харобиовари вазъи маълуми минтақавӣ Тоҷикистон дар муқобили ин хатарҳо мавқеи усулӣ ва қатъӣ гирифта, худ ва амнияту суботи минтақа ва ҳатто ҷаҳонро аз оқибатҳои фалокатбори онҳо то ҳадди имкон ҳифз кард.
  5. Ҷаҳонишавӣ ба тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмилалӣ мусоидат карда натавонист ва ба рафъи хатари эҳтимолии бархӯрди тамаддунҳо комёб нашуд, ки чунин вазъ барои ҳамаи давлатҳо ва кишварҳо, дар навбати аввал давлатҳои ҷавон таҳдиди нисбатан ҷиддӣ дорад.
пешина
аз 228
навбатӣ