Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин қарина Роҳбари давлат зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро таъкид намуда, ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалиро ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин офатҳои экологӣ ва техногенӣ самти муҳимтарини талошҳои муштараки ҷомеаи башарӣ мешуморад.
Ба андешаи ӯ пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама «бархӯрди тамаддунҳо» низ аз вазифаҳои муҳимтарини башарият аст. Зимни ин, Эмомалӣ Раҳмон калиди аслии муваффақияти ҷомеаи ҷаҳониро дар таҳия ва татбиқи стратегияи фарогир ва ширкати амалии ҳамаи давлатҳо дар ҳалли проблемаҳои зикршудаи ҳаётии умумибашарӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани манфиатҳои глобалӣ мебинад.
Аз ин нигоҳ, яке аз омилҳои асосии эълом доштани сиёсати «дарҳои боз» ҳамин равандҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки дарки амиқи пайванди манфиатҳои миллӣ ҷумҳуриро бо тақозоҳои ҷаҳони муосир ба ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд.
Тарафи дигари масъалаи рӯ овардан ба сиёсати «дарҳои боз»
тавре зикр гардид, ҳифзи манфиатҳои миллии давлат ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала чанд мавридро зикр кардан зарур аст, ки дар доираи ин сиёсати Роҳбари давлат роҳу василаҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои кишвар мушаххас мегардонанд:

  1. Тоҷикистон муносибатҳои худро бо давлатҳои узви СММ дар асоси принсипҳои эҳтироми истиқлолият, тамомияти марзӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ҳуҷум накардан ба ҳамдигар, ҳамзиштии осоишта ба роҳ мемонад. Зиёда аз ин, принсипҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ, инчунин қонунгузории ҷумҳурӣ, аз қабили риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, таъмини ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу гурӯҳҳои сиёсие, ки идеяҳои фашизм, нажодпарастӣ, бадбинию зиддияти мазҳабию миллиро талқин мекунанд, зикр ёфта, дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба инобат гирифта мешаванд.
  2. Тоҷикистон дар ҳама гуна ҳолатҳои ривоҷ додани сиёсати хориҷӣ манфиатҳои миллии худро ба инобат мегирад. Вале ин маънои ба манфиати худ ва бар зарари дигарон кор карданро надорад. Баръакс, ҷумҳурӣ сидқан тарафдори ҳамкориву ҳамшарикии баробарнафъ аст ва кӯшиш мекунад, ки судмандии ҳамкориҳо мутақобила бошад. Ба ин васила Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ доираи дӯстону шарикони худро дар миқёси ҷаҳонӣ хеле афзоиш диҳад.
пешина
аз 228
навбатӣ