Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- Ҳангоми ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳои дуҷониба доираи онҳо дар ҳамин шакл маҳдуд мемонад, яъне онҳоро бар зидди давлати сеюм истифода намебарад. Чунин коргирӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамзамон бо кишварҳое ҳамкориҳои густарда дошта бошад, ки миёни ҳамдигар мухолифат ё зиддияте доранд.
- Муносибату ҳамкорӣ бо як кишвар ҳамкориро бо кишвари дигар инкор намекунад. Ин усули муносибат имкон дод, ки роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои мушаххас ҷумҳурӣ бо кишварҳои гуногун ҳамкорӣ кунад ва пойбанди кишварҳои алоҳида набошад. Хусусан дар самти истифодаи имкониятҳои байналмилалӣ барои рушди кишвар ин омил аҳамияти махсус дорад.
- Ҳангоми ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳо ҷумҳурӣ тавозунро нигоҳ медорад. Тоҷикистон бо чунин сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогир мақсади ҳарчи зиёдтар намудани сафи дӯстони худро дошта, ҳамзамон бо шарикони анъанавӣ, ки иддае аз онҳо чун «шарики стратегӣ» мушаххас шудаанд, ҳамкориҳои худро таҳкиму тавсеа мебахшад.
- Муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ба хотири ҳиссагузорӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин таҳкими иқтидори ҷумҳурӣ ҷараён дода мешаванд. Зимни ин Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки масъалаҳои усулии минтақавӣ ва глобалӣ, мушкилоти ҷиддии давлатҳои алоҳида дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва таҳти васояти СММ ҳалли худро пайдо намоянд. Ин усул барои нигоҳ доштани низоми ҷаҳонӣ ва коҳиш додани амалҳои кишварҳои алоҳида ба хотири таҳмил кардани мавқеи худ аҳамияти калон дорад.
- Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ бо назардошти сатҳи муносибату ҳамкориҳо доираи давлатҳо ва минтақаҳоеро мушаххас кардааст, ки дар муносибат бо онҳо авлавият дода мешавад. Ин самти бисёр муҳими ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист, ки вижагиҳои худро дорад. Тавре зикр гардид, моҳи декабри соли 1993 Роҳбари давлат бо назардошти воқеияти онвақта панҷ ҳавзаи зерини ҳамкориҳои ҷумҳуриро муайян карда буд: Иттиҳоди давлатҳои мустақил; Осиёи Марказӣ; фазои зисту амали кишварҳои ҳамсояи форсизабон; доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ; ҷомеаи байналмилалӣ. Солҳои баъдӣ минтақаҳои дигаре, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои араб ба ин номгӯй дохил шуданд, ки имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо кардаанд. Илова бар ин, ҳамкориҳо бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ- Шарқӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором тадриҷан вусъат пайдо карда, тамоюли ба шарикони муҳими Тоҷикистон табдил додани кишварҳои минтақаи зикршуда мавҷуд аст. Ба мақсади дар оянда ривоҷ додани ҳамкориҳо бо кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Африка ва Австралия низ тадриҷан заминаҳо фароҳам оварда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё