Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бояд зикр намуд, ки ҳар як минтақае, ки Тоҷикистон бо он муносибату ҳамкорӣ дорад, соҳиби вижагиҳои хосаи худ буда, ҷои онро минтақаи дигаре гирифта наметавонад. Дар баробари ин, ҷумҳурӣ кӯшиш мекунад, ки ин тавозун нигоҳ дошта шавад. Вобаста ба ин мавзӯъ Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 1993 таъкид дошта буд, ки «ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷиамон, хусусан авлавияти ину он тадбир ё ташаббуси байналхалқӣ, моро зарур аст, ки манфиат ё ниёзҳоеро, ки дар ҳавзаҳои мазкур дорем ва ё хоҳем дошт, ба ҳам муқобил нагузорем».
Иттиҳоди давлатҳои мустақил минтақаест, ки аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро (ғайр аз ҷумҳуриҳои соҳили Балтика) дарбар гирифтааст. Азбаски ҳамаи иштирокдорони он дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ шомили як давлати муқтадир буданд ва дар як фазои сиёсию иқтисодию идеологӣ ва забонӣ фаъолият мекарданд ва низоми ягонаи иқтисодӣ онҳоро бо риштаҳои зиёд вобастаи ҳам карда буд, дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарикони нахустини ҳамдигар табдил ёфтанд. Арзишҳои умумӣ ва бисёр алоқамандиҳои дигар имкон доданд, ки давлатҳои навбунёд бо такя ба онҳо фазои нави муносибату ҳамкориҳоро эҷод намоянд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад ба вижагиҳои муносибату ҳамкориҳо дар доираи ИДМ хусусиятҳои дигаре илова мешаванд, ки хоси кишварҳои минтақа буда, доираи муносибату ҳамкориҳоро васеътар месозанд. Инҳо – мавқеи ҷуғрофии минтақа, наздикии марзҳо, ягонагии дину мазҳаб, арзишҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар вижагиҳо мебошанд, ки барои густариши муносибатҳо шароити муносиб фароҳам меоранд.
Бо кишварҳои олами ислом Тоҷикистонро пеш аз ҳама арзишҳои динию фарҳангӣ алоқаманд месозад, ки барои густариш додани робитаҳо аҳамияти хоса доранд.
Иттиҳоди Аврупо, ки тайи даҳсолаи охир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон муносибату ҳамкориҳои худро ҷиддан таҳкиму тавсеа бахшид, дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи устувори худро пайдо кард. Арзишҳои демократӣ, дастовардҳои бузурги илми-техникӣ, технологияи пешрафта ва дигар мавзӯъҳо муайянкунандаи асосии доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо гардиданд.
Осиёи Шарқӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҳам метавонад дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи устуворе дошта бошад. Ҳануз соли 2005 Роҳбари давлат сатҳи ҳамкории ҷумҳуриро бо Япония, Ҷумҳурии Корея, Таиланд, Сингапур ва баъзе кишварҳои Осиёи Шарқӣ баҳо дода, таъкид намуда буд, ки он ҷавобгӯи имконот ва захираҳои мавҷуда нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё