Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон арзишҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра пайваста, бо назардошти ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ривоҷ доранд. Қаробати зиёди таърихию фарҳангӣ ва сатҳи муносибатҳои имрӯзаро ба ҳисоб гирифта, Роҳбари давлат иброз дошт, ки Эрон шарики табиии стратегии Тоҷикистон аст.
Ҳамсояи наздик – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро ишғол кардааст. Имрӯз бо дарназардошти вазъияти мураккаби ин кишвар мусоидат намудан дар таъмини сулҳу суботи он яке аз масъалаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон риштаҳои зиёди таърихию фарҳангӣ пайвастаанд ва дар замони соҳибистиқлолӣ сатҳи муносибату ҳамкориҳо ин наздикию алоқамандиҳоро бори дигар собит сохт. Бояд гуфт, ки бо муътадил шудани вазъи Афғонистон ва амалӣ шудани баъзе лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ сатҳи ҳамкориҳо бо ин ду кишвар хеле боло хоҳад рафт.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз умумиятҳои мазҳабию фарҳангӣ манша гирифта, дар солҳои аввали истиқлолияти ҷумҳурӣ маҷрои худро соҳиб шуданд ва имрӯз ин кишвар дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Гарчанде сатҳи муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Япония
– кишвари аз нигоҳи иқтисодию технологӣ пешрафта тайи солҳои охир хеле боло рафт, вале зарфияту имкониятҳои таҳкиму тавсеа бахшидани онҳо зиёданд.
Ҷумҳурии Федеративии Олмон – кишвари муқтадир ва пешбари Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои мухталиф – сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, маориф, туризм ва ғайра бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва муносибатҳои ду давлатро беш аз чил санади дуҷониба ҳамоҳанг мекунанд.
Дар баробари ин Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки доираи ҳамкориҳои худро бо кишварҳои пуриқтидор, мисли Фаронса, Италия, Канада, Бразилия, Аргентина, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Австралия, як қатор давлатҳои олами араб тавсеа бахшида, онҳоро ба ҳамёрони ҷиддии худ табдил диҳад.
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони истиқлолият комилан тақвияту тавсеа ёфта, доираи ҳамкорию муносибатҳои он хеле васеъ гардиданд, ки дар ин раванд сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифтани Президенти кишвар моҳияти аввалиндараҷа дорад.

пешина
аз 228
навбатӣ