Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин давра дар баробари таҳкиму тавсеаи робитаҳо бо шарикони анъанавӣ дар ИДМ ё ҳамсоякишварҳои осиёӣ Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо давлатҳое ба роҳ монд, ки қаблан бо ҷумҳурӣ ягон робитае надоштанд. Ин дуруст аст ва яке аз мақсадҳо аз эълом доштани сиёсати «дарҳои боз» ба доираи муносибату ҳамкориҳои худ ҷалб намудани кишварҳои нав буд. Ин нуктаро Роҳбари давлат борҳо таъкид дошта буд, яъне Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории созанда бо ҳар кишваре мебошад, ки барои чунин равобит бо он тайёр аст.
Роҳбари давлат соли 2007 дар Паёми худ ба парлумони кишвар натиҷагириҳои худро аз панҷ соли эълом доштани сиёсати «дарҳои боз» чунин иброз дошта буд: «Имрӯз мо шоҳиди дурустии ин сиёсат буда, рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар чорроҳаи байналмилалӣ мавқеъ дорад, бо ҳамаи кишварҳои Шарқу Ғарб мебинем ва мисли пештара ҷонибдори чунин муносибатҳои созандаву беғараз, холисонаву содиқона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳастем».
Имсол аз эълом доштани сиёсати «дарҳои боз» аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол сипарӣ шуд ва натиҷагириҳои мушаххас метавонанд аҳамияти ин сиёсатро барои рушди кишвар ба субут расонанд:
Якум. Тоҷикистон тавонист дар миқёси байналмилалӣ худро ҳамчун давлати фаъол муаррифӣ намояд, чандин ташаббуси он ҷиҳати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, роҷеъ ба вазъи Афғонистон аз ҷониби СММ, САҲА, СҲИ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдорӣ пайдо карданд.
Дуюм. Зимни ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин давлатҳои алоҳида Тоҷикистон тавонист шароити мусоиди байналмилалиро ҷиҳати рушд ва инкишофи устувори худ истифода барад.
Сеюм. Ҳангоми густариш додани муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистон ба он комёб шуд, ки: а) муносибату ҳамкориҳои анъанавиро бо шарикони қаблӣ устувор нигоҳ дошта, онҳоро таҳкиму тавсеа бахшад; б) кишварҳои навро ба доираи муносибатҳояш кашида, самтҳо ва уфуқҳои тозаи ҳамкориҳоро кашф намояд; в) тавозунро дар муносибат бо кишварҳои алоҳида, хусусан кишвархои абарқудрат нигоҳ дорад.
Чорум. Дар вазъи зудтағйири ҷаҳони имрӯза ва таҳаввулоти ҷиддии олами муосир Тоҷикистон ба он муваффақ шуд, ки дар баробари таъмини суботи сиёсӣ, амнияти сарзамин ва дар маҷмӯъ татбиқи манфиатҳои миллӣ, инчунин афзалиятҳо, усулу асосҳо ва суннатҳои сиёсати хориҷии худро таҳия ва амалӣ созад.
Ҳамин тариқ, сиёсати «дарҳои боз», ки аз ибтикорот ва иқдомоти ояндасози Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон тариқи чунин дипломатияи бисёрсамта мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам созад, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуда, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳоро таъмин кунад.

пешина
аз 228
навбатӣ