Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Агар тариқи дигар ифода намоем, Тоҷикистон аз сиёсати «ё ин, ё он» канораҷӯӣ намуда, ба сиёсати «ҳам ин, ҳам он» рӯ овард, ки дар натиҷа ҷумҳурӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва эҳтироми манфиатҳо ҳамёрони зиёде пайдо кард ва онҳо имрӯз дар рушди иқтисодии кишвар тариқи додугирифти мол, таъсис додани корхонаҳои муштарак, амалӣ намудани лоиҳаҳои алоҳида саҳми босазо мегузоранд.
Бешак, ин ҳама дастовардҳо маҳсул ва натиҷаи сиёсати дурнигарона ва санҷидаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар маҳофили байналмилалӣ мавриди таҳсину тақдир қарор гирифтааст.

пешина
аз 228
навбатӣ