Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ТАМОЮЛИ БОТИНӢ

БА СӮИ ТАҲКИМИ РАВОБИТИ ДЕРИН

Дӯстони сахтпаймонро зи душман бок нест,
Шарти ёр он аст, к-аз пайванди ёраш нагсалад.
Сад ҳазорон хайти якторо набошад қуввае,
Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсалад.
Саъдии Шерозӣ

Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои он дар сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданаш мавқеи афзалиятнокро ишғол менамояд. Дар ин қарина, ӯ 29 сентябри соли 1993 зимни нахустин суханронии худ аз минбари Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд, ки «дар хусуси иштироки мо дар ИДМ сухан ронда бояд таъкид кунам, ки Тоҷикистон … барои таҳкими ин Иттиҳод сайъу кӯшиш мекунад».
Чанде баъд, аниқтараш 28 декабри ҳамон сол дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат зимни дастурҳои барномавии худ ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар тазаккур дод, ки ҳавзаи якуми он «Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад». Ӯ чунин авлавиятро дар мисоли ҳамкориҳо бо кишвари меҳварсози ИДМ – Федератисияи Россия шарҳ дода, қайд намуд, ки ба ривоҷу равнақи онҳо ду омил мусоидат мекунад:

  1. Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, ки бо назардошти аҳамияти стратегии худ сарҳади ИДМ эълон шудааст ва аз тарафи сарҳадбонон ва Қувваҳои муштараки ҳомии сулҳи ИДМ посдорӣ мешавад; 2.
пешина
аз 228
навбатӣ